Euro 2012 ва бозори гарми тарабхонаҳои Душанбе

Мусобиқаи қаҳрамонии Ҷоми Аврупо-2012 тарабхонаву қаҳвахонаҳои пойтахти Тоҷикистонро сермуштарӣ кардааст.
Дар чанде аз тарабхонаҳои шаҳри Душанбе экранҳои бузург насб шуда, тариқи шабакаҳои моҳвараӣ бозиҳои Euro-2012 мустақиман намоиш дода мешавад.

Сабқатҳои охири гурӯҳии Ҷоми Аврупо-2012, ки соати 23:45 ба вақти Душанбе оғоз ёфта, то соати 2-и шаб идома мекунад, шумораи зиёди мухлисонро атрофи экранҳои бузургҳаҷм гирд меорад. Табиист, мухлисон ба тарабхонаҳо дар соати дери шаб ҳам барои тамошо ва ҳам барои истироҳат меоянд.

Онҳо мегӯянд, ҷойи нишаст дар наздикии экрани тарбхонаву қаҳвахонаҳоро аз қабл фармоиш медиҳанд. Ба гуфтаи мухлисон нархи як мизи нишаст дар наздикии экран ва ҷойҳои мувофиқи тамошо дар бархе аз тарабхонаҳои пойтахт то 50 сомонист.

Ба қавли мухлисони бозии футбол мегӯянд, маъмулан нӯшокии онҳо дар тарабхонаву тафреҳгоҳҳо пиво ё оби ҷав будааст. Ин аст, ки сар аз оғози сабқати қаҳрамонии футболи Аврупо фурӯши пиво дар бархе аз тарабхонаҳои Душанбе то се баробар афзоиш ёфтааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мухлисии тоҷикон аз футболи Аврупо



Ҳамчунон идораҳои букмекерӣ дар тарабхонаҳо мошин ё дастгоҳҳои худро гузоштаанд, ки мухлисон барои пуштибонӣ аз тими худ пул пардохт мекунанд ва дар сурати пирӯзии дастаҳои дӯстдоштаашон фоидаи молӣ пегиранд.

Аммо масъулони тарабхонаҳо мегӯяд, пас аз бохти тими миллии футболи Русия дар сабқати гуруҳӣ ва маҳрум шудан аз идомаи сабқат дар даври "плей офф" сафи мухлисон то ҳадде камтар шудааст. Зеро ба қавли онҳо, рустаборони Тоҷикистон як бахши бузурги мухлисоне буданд, ки аз тими Русия дар тарабхонаву тафрегоҳҳо дастаҷамъона пуштибонӣ мекарданд.

Атрофи бархе тарабхонаҳоеро, ки мухлисон то дери шаб футбол тамошо мекунанд, маъмурони пулис назорат мекунанд.