Олмон аз Қазоқистон хост, ки раҳбари як театри маҳаллӣ озод шавад

Олмон аз Қазоқистон даъват кард, ки раҳбари маъруфи як театри маҳаллиро, ки ҷонибдори ислоҳот дар кишвар аст, озод кунад. Комиссионери ҳуқуқи башари ҳукумати Олмон Маркус Лёнинг бо пахши изҳороте гуфт, ки Болат Отабаев аз ҳақи қонунии худ истифода кардааст. Отабаев ҳафтаи гузашта бо иттиҳоми ангехтани нафрати иҷтимоӣ боздошт шуд. Раҳбари театрро дар даъвати коргарони ширкатҳои нафтрасони Жанаозен барои ширкат дар эътирозҳо муттаҳам мекунанд. Дар паи саркӯби эътирозҳои декабри соли гузашта аз рӯи иттилои расмӣ 16 нафар ба ҳалокат расиданд.