Худдории ИМА ва Исроил аз вокуниш дар робита бо вируси Flame

Ҳанӯз ҳеҷ вокуниши расмие на аз ҷониби Амрико ва на Исроил ба гузориши ахири нашрияи бонуфузи Washington Post пахш нашуд, ки мегӯяд, вируси компютерии Flame аз ҷониби ин ду кишвар ба хотири хароб кардани барномаи ҳастаии Эрон эҷод шудааст. Дар гузориш гуфта мешавад, ки эҷоди вируси қавии моҳи гузашта дар компютерҳои вазорати нафти Эрон ошкоршуда панҷ соли пеш шурӯъ шуда буд. Дар ин матлаб гуфта мешавад, ки вируси мазкур бо ширкати Оҷонсии амнияти милии ИМА ва Хадамоти марказии истихборот ҳамроҳ бо як барномаи низомии Исроил коркард шудааст.