Як гурӯҳ аз донишмандони Узбакистон бо нашри матлабе аз паёмади заминларза дар минтақаи Роғун ҳушдор доданд.
Гурӯҳе аз донишмандони узбак, зери раҳбарии Улфат Нурматов -- мудири лабораторияи зилизилашиносии Пажӯҳишгоҳи сейсмологии Академияи улуми Узбакистон таҳқиқотеро дар мавзӯи "Вазъи сейсмологӣ дар минтақаи сохтмони обанбори Роғун ва атрофи он" дар маҷаллаи "Экология хабарномаси" (Паёми экологӣ) чоп кардаанд. Бино ба иддаои онҳо, қаламрави Осиёи Марказӣ ба минтақаи зилзилхези ҷаҳон тааллуқ доштааст.
Донишмандони узбак менависанд, хомӯшии тӯлонии сейсмологӣ дар ноҳияи сохтмони обанбори Роғун хеле нигаронкунанда ва ташвишовар аст.
Ин дар ҳолест, ки академики тоҷик Собит Неъматуллоев даъвои донишмандони узбакро бепоя донист ва мегӯяд, "онҳо супориш гирифтаанд ва бояд чунин сарусадо кунанд. Дар ҳоле ки боре ҳам дар минтақаи сохтмони Роғун набудаанд. Чаро вазирону директорони муассисаҳои илмӣ ва донишмандонашон матлабҳоеро ба ин мазмун наменависанд? Чун намехоҳанд, то номашон ба дурӯғгӯӣ печонида шавад."
Ба қавли Неъматуллоев, пажӯҳишҳо собит кардааст, ки дар тӯли 500 соли охир дар минтақаи обанбори Роғун боре ҳам заминҷунбии бештар аз 6 дараҷаи Рихтер рух надодааст.
Аз академик Собит Неъматуллоев суол кардем, ки чаро донишмандони тоҷик дар муқобили иддаои ҳамтоёни узбакашон посухе тавассути нашри матлабҳои илмӣ садо баланд намекунанд. Ӯ гуфт, "гурӯҳи кории донишмандони тоҷик аз ҳисоби сейсмологҳо ва заминшиносон (геологҳо) як пажӯҳишеро дар се ҷилд омода карда ахиран ба раҳбарияти нерӯгоҳи Роғун супоридем. Дар ин маҷмӯа тамоми заминчунбиҳое, ки дар минтақаи Роғун дар чанд садсола шудааст, дарҷ гардида таҳлил шудаанд. Фақат нашри он бо иҷозати онҳо имконпазир аст."
Ин донишманди тоҷик мегӯяд, пажӯҳишҳо собит кард, ки минтақаи обанбори Роғун тавони то 9 дараҷа рух додани заминаларзаро дорад, вале ҷониби Узбакистон ба хотири ҳамлаҳои иттилоотӣ чунин фарзияҳои беасосро пеш меоранд.
Ин барои бори аввал нест, ки донишмандони зилзилашинос ва экологҳои Узбакистон матолиберо дар мавриди паёмадҳои иҷтимоии сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар расонаҳо матраҳ мекунанд ва ба таъкиди соҳибназарон иддаои онҳо ангезаи сиёсӣ дорад.
Зеро Узбакистон дар чанд соли ахир талош кардааст, то бо ҳар роҳ пеши роҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғунро бигирад. Маҳз ин мухолифати ҷониби Тошканд мунҷар ба сардии равобит миёни Тоҷикистону Узбакистон, ду кишвари ҳамсоя ва дорои муштаракоти таърихиву фарҳангӣ шудааст.