11 сол барои қатли ду ҳамватан

Додгоҳи вилояти Хатлон ноболиғеро, ки дар куштори ду ҳамватанаш дар Русия даст дошт, 11 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Маҳмудҷон Ғуломов, додраси додгоҳи вилояти Хатлон, гуфт, ин парванда дар ҳоле боз шуда, ки моҳи июли соли гузашта ҷасади Давлаталӣ Уроқов ва Комилҷонро аз Русия ба Тоҷикистон овардаанд. Пас аз чанд моҳи тафтиш маълум шудааст, ки ин ду нафар аз ҷониби Ёқуб Убайдуллоев ва ноболиғ Ашӯралӣ Ятимов ба қатл расонида шудааст.

Ҷаноби Ғуломов афзуд, "ин ноболиғ, додарарӯси яке аз ин бародарон будааст. Бо маслиҳати пешакӣ шабона ин ду бародарро кушта, субҳ Ятимов ба Тоҷикистон меояд, вале шарикаш дар ин ҷиноят дар Русия боқӣ мемонад. Пас аз пайдо шудани далелҳо, аз ҷумла телефонҳои рабудашуда, ӯ дар ҷиноят гумонбар дониста шуд ва ахиран маълум гашт, ки воқеан, онҳо ин ҷиноятро содир кардаанд. Додгоҳ ноболиғии ӯро ба назар гирифта, ин ҳукмро нисбаташ сазовор донист."

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло Ёқуб Убайдуллоев гумонбари дигар дар ин ҷиноят, дар боздоштгоҳе дар ноҳияи Чехови вилояти Маскав қарор дорад ва пас аз фиристодани ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон додгоҳи вилояти Маскав низ ҳукми худро нисбат ба ӯ содир хоҳад кард.

Ҳангоми содир шудани ҳукми додгоҳ Асалмоҳ Ятимова, ҳамсари яке аз кушташудагон гуфт, бародари худро барои куштани шавҳараш намебахшад: "Аз зиндагии якҷоя бо шавҳарам соҳиби шаш фарзанд ҳастам. Шавҳарам дар ин ҷо бо аробакашӣ рӯзамонро мегузаронд. Ба хотири беҳбудии зиндагиамон ба Русия рафта буд. То ин ҳодиса рух додан, пули хуб равон мекард ва зиндагиамон бад набуд. Ҳоло бо ин фарзандони ноболиғ намедонам чӣ кор кунам."

Аммо ноболиғе, ки додгоҳ ӯро қотил донист, дар охирин лаҳзаи сӯҳбаташ дар додгоҳ гуфт, ҳеҷ гоҳ қасди куштани язна (шавҳари хоҳар)-ашро надошт ва ин кор тасодуфан рух додааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҷамолиддин, як ҷавони муҳоҷири тоҷик, мегӯяд, ин амали ду ҷавони тоҷик боиси сарафкандагии тоҷикон дар ғарибист. "Ҳолати онҳоро фаҳмидан мушкил аст, ки чӣ гуна ин ҷиноятро содир кардаанд. Наход, барои як-ду телефон чунин ҷиноят карда бошанд. Ин як корест, ки боиси шармандагии мо ҳаст ва ин бояд охирин бошад",-гуфт ӯ.

Ҳоло додгоҳи вилояти Хатлон ҳукми содиркардаи худро барои тасмимгирии додгоҳи Русия ирсол кардааст, то бо назардошти ин қарор додгоҳи вилояти Маскав нисбат ба гумонбари дигари ин ҷиноят низ хулосаи худро барорад.