Овозхони машҳури паштун дар Пешовар кушта шуд

Ғазола Ҷовид

Шоми рӯзи душанбе дар шаҳри Пешовари Покистон Ғазола Ҷовид-овозхони машҳури паштун ба қатл расид. Афроди номаълум дар ҳамлае вайро ҳадафи тир қарор доданд. Дар ин ҳамла падари овозхон низ кушта шудааст. Дар бораи ҷузъиёти ин куштор маълумот дар даст нест. Ҷовид аз овозхонони машҳури вилояти Хайбар Паштунхво буд.