Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба баррасии парвандаи сокини ин маҳал, Бӯрҳонхоҷа Абдуқодиров, ки ба узвият дар Ҳизби Таҳрир муттаҳам шинохта шудааст, оғоз намуд. Бино ба хабари додгоҳ, номбурдаро кормандони амниятӣ дар бозори ноҳия, аввали соли ҷорӣ ба ҳангоми тавзеи варақаву адабиёти ин созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ, дастгир карда буданд.
Бӯрҳонхоҷа Абдуқодиров тоҷир буда, ба гуфтаи масъулони додгоҳ, аз соли 2009-ум дар Ҳизби Таҳрир фаъолият ва барномаҳои онро ҳамроҳи ду шарикаш миёни сокинон тарғибу ташвиқ мекард. Ду ҳамроҳи вай ҳамон сол аз ҷониби мақомоти амниятиву интизомӣ боздошт ва аз сӯи додгоҳ ба 15 ва 25 сол маҳкум ба зиндон шудаанд.
Ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз минтақаи асосии фаъолияти густардаи Ҳизби Таҳрир маҳсуб меёбад ва тӯли беш аз 10 соли охир даҳҳо сокинони ин маҳал бо ҷурми мансубият ба ин ҳизб боздошту зиндонӣ гардидаанд.