Дар даври дуюми интихоботи президентии Миср ин бор ду номзад, Муҳаммад Мурсӣ аз «Ихвон-ал-муслимин» ва Аҳмад Шафиқ -- охирин сарвазири давраи роҳбарии президенти барканоршуда Ҳуснӣ Муборак бо ҳам дар сабқатанд. Мурсӣ ваъдаи ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсӣ медиҳад ва мегӯяд, аз дастовардҳои инқилоби Миср ҳимоят хоҳад кард. Аммо Шафиқ шиор медиҳад, ки эътидолу суботро ба кишвар хоҳад бозгардонд. Яке аз тарафдорони Мурсӣ ба телевизиони Ройтерз гуфт:
"Ман умедворам, президенти нав ба одамон нағз муносибат хоҳад кард, барои ҷавонон ҷойҳои кор хоҳад сохт, мушкили манзилро ҳал хоҳад кард ва кишоварзиро, ки пойдевори ҳаёти мост, рушд хоҳад дод”
Интихобот дар ҳоле ҷараён мегирад, ки Додгоҳи қонуни асосии Миср порлумонро зимни ғайриқонунӣ хондани интихоботи порлумонӣ пароканда эълон ва ҳокимони ҳарбии Миср гуфтаанд, қудратро то охири ин моҳ ба ғолиби интихоботи раёсатҷумҳурӣ таслим хоҳанд кард.