Русия инкор кард, ки ба Сурия чархболи нав нафурӯхтааст

Русия бори дигар иттиҳомотро рад кардааст, ки ба режими Сурия чархболҳои ҷангӣ нафурӯхтааст, то Сурия ин чархболҳоро дар ҳамлаҳои маргбор бар зидди мухолифони режими Башор Асад истифода кунад. Дар эъломияе, ки рӯзи ҷумъа вазорати корҳои хориҷаи Русия мунташир сохт, гуфта мешавад, ки “чанд сол пеш” Русия ба Сурия чунин чархболҳоро фурӯхта буд, вале ҳоло танҳо бо таъмири ин чархболҳо машғул аст.
Дар авоили ҳафтаи ҷорӣ Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфт, ки Русия Сурияро бо чархболҳои ҷангӣ таъмин мекунад.