Раҳбари норозии театр дар Қазоқистон боздошт шуд

Булат Атабаев

Мақомоти интизомии Қазоқистон дар робита бо нооромиҳои фоҷеаомези соли гузашта дар Жаноазен Булат Атабаев-раҳбари театрро боздошт кардаанд. Атабаев аз раҳбарони маъруфи мухолифони ин кишвар дониста мешавад.

Вай рӯзи ҷумъа дар як тамоси телефонӣ ба бахши қазоқии радиои Озодӣ гуфт, ки вайро дар Алмаато ба боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ бурдаанд. Атабаев барои “таҳрики хусумат дар ҷомеа” гунаҳгор дониста мешавад. Моҳи декабри соли гузашта дар нооромиҳои Жаноазен аз тири кормандони пулис дастикам 16 нафар кушта шуданд.

Атабаев дар аввалҳои ҳафтаи ҷорӣ аз бозпурсии кормандони амният дар робита бо ин нооромиҳо саркашӣ карда буд. Моҳи март вай намоишномаеро рӯи саҳна овард, ки ба таври ғайримустақим ба нооромиҳои Жаноазен ишора мекард.