Ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз ҳисоби заминҳои навоҳии ҳаммарзи худ васеъ карда мешавад.
Аъзои Маҷлиси Миллии Тоҷикистон рӯзи 14-уми июн пешниҳоди раиси вилояти Хатлонро ҷиҳати тағйири марз ва васеъ кардани қаламрави ноҳияи Данғара аз ҳисоби заминҳои навоҳии ҳаммарзаш якдилона қабул кардаанд.
Бар пояи ин тағйирот аз ҳисоби шаҳри Сарбанд 887,51, аз ноҳияи Ёвон бештар аз 481 ва аз ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ наздики 873 гектар замин ба қаламрави ноҳияи Данғара дода мешавад, ки дар маҷмӯъ 2 ҳазору 231,5 гектарро ташкил медиҳад.
Вогузории наздики дуним ҳазор гектар замини навоҳии дигар ба ноҳияи Данғара дар Маҷлиси Миллӣ бидуни кадом баҳсу баррасӣ сурат гирифта ва зарурати ин амр низ ташреҳ дода нашудааст.
Дар зимн, Данғара ноҳияест, ки дар он хеле аз вазирону мансабдорони сатҳи болоии ҳукумати Тоҷикистон ба дунё омадаанд. Аз ҷумла, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, зодаи ин ноҳия буда, қабл аз дастёбӣ ба курсии аввали кишвар, раёсати яке аз воҳидҳои кишоварзӣ (совхоз) дар ин ноҳияро бар дӯш дошт. Дар замони истиқлолият ин ноҳия ба яке аз минтақаҳои пешрафта ва обод табдил дода шудааст.
Бузургтарин чойхона, ки гуфта мешавад, дар рӯи замин назир надорад, дар ин ноҳияи бунёд шудааст. Ҳоло қарор аст, як корхонаи тавлиди семент бо сармоягузории муштараки як ширкати чинӣ ва корхонаи Талко дар ин ноҳия сохта шавад, ки солона тавоноии тавлидотии он 3 миллион тоннаро ташкил хоҳад кард.
Дар чанд соли пеш дар расонаҳо як чунин пешниҳоде ҳам матраҳ шуда буд, ки азбаски бештари мансабдорон аз ин ноҳия мебошанд пойтахти Тоҷикистон аз Душанбе ба Данғара кӯч дода шавад.