Ҳилларӣ Клинтон зимни суханронӣ дар Вошингтон гуфт, "таъйини сарнавишти ояндаи Миср ба дасти худи мисриҳост."
Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, мегӯяд, кишвараш интизор дорад, ки низомиёни ҳоким бар Миср гузариши демократии қудрат ба ҳукумати ғайринизомиро идома хоҳанд дод.
Зимни суханронӣ дар Вашингтон хонум Клинтон гуфт: “Бо аҳде, ки Шӯрои Олии нерӯҳои мусаллаҳи Миср ба мардум додааст, мо интизор дорем, ки қудрат ба таври комил ба дасти ҳукумати аз роҳи демократӣ интихобшудаи ғайринизомӣ супурда мешавад. Ҳеҷ бозгаште аз гузариши демократӣ, ки мардуми Миср хостаанд, буда наметавонад.”
Вазири умури хориҷии Амрико дар ин бора баъд аз он сухан гуфт, ки Додгоҳи олии Миср ҳукм кард, порлумони тозаинтихоби ба раҳбарии исломгароён дар Миср пароканда карда шавад. Ба гуфтаи додгоҳ, сеяки вакилони порлумон ғайриқонунӣ интихоб шудаанд, зеро онҳо аъзои аҳзоби сиёсӣ будаанд ва аз ҳавзаҳое ба интихобот омадаанд, ки махсус барои номзадҳои мустақил буд.
Бар асоси ҳукми додгоҳ, ҳамчунин Аҳмад Шафиқ, нахуствазири собиқи аҳди Ҳуснӣ Муборак, ҳақ дорад, дар даври дувуми интихоботи Миср дар рӯзи шанбе ширкат кунад. Пештар аз ин, порлумони Миср тамоми мансабдорони собиқи баландпоя аз аҳди Ҳуснӣ Муборак, раисиҷумҳури собиқи Мисрро аз ҳаққи соҳиб шудан ба мақомҳои ҳукуматӣ маҳрум карда буд.
Сиёсатмадорони исломгарои Миср ҳукми додгоҳро “табаддулот” аз тарафи низомиёни ҳоким бар кишвар хонд, ки дар сафи онҳо мансабдорони аҳди Ҳуснӣ Муборак зиёданд. Баъд аз судури ҳукми додгоҳ садҳо нафар дар майдони "Таҳрир" дар маркази шаҳри Қоҳира ҷамъ омада, алайҳи ҳукми додгоҳ ва Аҳмад Шафиқ эътироз карданд.
Муҳаммад Мурсӣ, номзади ҳизби исломгарои Ихвонулмуслимин, рақиби Аҳмад Шафиқ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, гуфт, агарчӣ аз қарорҳои додгоҳ нороҳат аст, вале ба онҳо эҳтиром мегузорад. Ихвонулмуслимин дар нахустин интихоботи порлумонии демократии Миср, ки дар ду давр дар моҳҳои ноябр ва январ баргузор шуд, тақрибан нисфи курсиҳои порлумонро аз они худ кард.
Ҳилларӣ Клинтон гуфт, интизор дорад, интихоботи рӯзи шанбе дар фазои муносибе баргузор мешавад: "Дар тамоми ин раванд, Иёлоти Муттаҳида аз ормонҳои мардуми Миср барои як гузариши демократии орому мӯътабар ва пойдори қудрат ҳимоят кард. Ҳоло саранҷом, таъйини сарнавишти ояндаи Миср ба дасти худи мисриҳо аст ва мо интизор дорем, ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар охири ҳафта дар фазои сулҳу оромӣ ва озоду одилона баргузор мешавад."
Баъд аз ҳукми Додгоҳи олии Миср, Аҳмад Шафиқ дар назди издиҳоми мардуме суханронӣ кард, ки бисёре аз расонаҳо онро таҷлили пирӯзии ӯ арзёбӣ кардаанд. Рӯзи панҷшанбе (14-уми июн) мошинҳои низомӣ аз хиёбонҳои Қоҳира бо навои сурудҳои ватандӯстона мегузаштанд ва сарбозон бо тақсими варақаҳо ба раҳгузарон онҳоро ба раъйдиҳӣ дар интихобот даъват мекарданд.