Бачаи кӣ зӯр?

Писари вазир

-Ту Шовалиро аз синфи даҳи “Б” мешиносӣ?

-Ҳамон бачаи қоқи дарози сиёҳи камақла?

-Имрӯз дадаи ӯра вазир тайин карданд!

-Ҳа, ба ёдам омад, як бачаи қадбаланди гандумгуни базеби аълохонай!

"Танбал"

Чаҳор сарватманд дар бораи фарзандони худ сӯҳбат мекарданд:

-Хуршедҷон мисли худам ба хариду фурӯши манзил машғул аст. -гуфт яке,- Корҳояш олӣ! Хасисӣ ҳам намекунад - ба як ҷӯрааш дар Дубай хона тӯҳфа кард!

-Ҷамшеди ман ҳам пайрави худам шудаааст ва ба қарибӣ салони бузурги мошин сохт. Аз ҳисоби фойида ба як дӯсташ Лексуси нав тақдим кардааст, -ситоиш намуд дуюмӣ.

-Фаршедҷони ман бошад як сол пеш банки худашро боз кард, -бо ифтихор гуфт марди сеюм, - бонкаш дар ҳама шаҳрҳои калон филиал дорад ва шумораи клиентҳояш беҳисоб... Дасткушод ҳам ҳаст - ба як ҳамсинфаш барои 20 сол қарзи бефойиз додааст.

-Аммо Фаррухи ман як бачаи танбалу кӯчагард аст. –ғамгинона гуфт сарватманди чаҳорум, - Аз ман як сомонӣ намегирад, лекин аз кадом ҳисоб бошад, ки дар Дубай хона дорад ва савори “Лексус”-и нав мегардад. Боз ким-кадом аҳмақ барои 20 сол қарзи бефойизаш додааст...