Рӯзи 14-уми июн бо қарори Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ) чун рӯзи "бахшандагони хун" таъйин шудааст.
Масъулoни маркази илмии ҷумҳуриявии хун мегӯянд, дар ҳоли ҳозир шумораи донорони доимии хун дар Тоҷикистон наздик ба 3 ҳазор нафар аст, ки 70 дарсади онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Мутахассисон зиёд шудани шумораи бахшандагони хунро ба боло рафтани "ҳисси инсондӯстӣ"-и онҳо марбут медонанд. Вале ин ақида ҳам ҷой дорад, ки қисме аз донорҳо ба хотири пул хуни худро медиҳанд.
Нуралӣ Ашӯралиев, муовини раҳбари Маркази илмии хун гуфт, ҳамарӯза дар ин марказ то 30 нафар ба ҳайси донор хун месупоранд ва ба ин васила вазъи сиҳатии худро беҳтар месозанд. Ӯ афзуд, "ҳар нафаре, ки мехоҳад ба ҳайси донор хун супорад, қаблан духтур бо вай сӯҳбат мегузаронад, пурсишҳо бурда мешавад, гемоглабини ӯ муайян мегардад ва танҳо баъд аз ин барои хунсупорӣ иҷоза дода мешавад."
Ҷаноби Ашӯралиев гуфт, бар пояи пажӯҳиши онҳо нафарони хунсупоранда аксаран соҳибони гурӯҳҳои хуни 2-юм ва 3-юм буда, дар бештар марвид онҳо дар пайдо кардани соҳибони гурӯҳҳои манфии хун мушкилӣ мекашанд.
Хун ба ивази пул
Бо Хусрав, як ҷавони тоҷик, замоне ҳамсӯҳбат шудем, ки бо дасти докапеч аз ҳуҷраи хунсупорӣ берун меомад. Вай гуфт, ин бори дувум аст, ки ҳамчун донор хун месупорад ва бовар дорад, хуни супоридааш ба дарди нафаре дармон хоҳад шуд: "Соли гузашта дар ҳамин вақт хун супорида будам ва ба назарам хунсупорӣ ин қарзи шаҳрвандии ҳар як нафар аст. Зеро дини Ислом низ талқин мекунад, ки мо бояд ба ҳамдигар кӯмак расонем. Ман низ ба он хотир хун месупорам, ки нафаре онро истифода кунад."
Дар ҳоле ки Хусрав мегӯяд, бе подош хун месупорад, бархе аз донорҳои ҷавонро ғолибан маблағе, ки бар ивази хуни онҳо пардохт мешавад, ба ин марказ ҷалб кардааст. Махсусан, донорҳои донишҷӯ акнун ба хотири ба даст овардани маблағ ва бароварда сохтани ниёзҳояшон хуни худро ҳам дареғ намедоранд. Бояд гуфт, ба хотири ҷалби сокинони кишвар ба хунсупорӣ ва ба ин тариқ таъмин намудани беморхонаҳову маризони ниёзманд бо хун, барои ҳар як донор маблағ ҷудо мешавад. Яъне, хоҳишмандон дар маркази хунсупорӣ бо додани 350 ва ё 400 милилитр хуни худ то 40 сомонӣ даромад мекунанд.
Шариф мегӯяд, аз донишгоҳ моҳе 15 сомонӣ кӯмакпулӣ мегирад, аммо аз кори донорияш моҳе то 50 -60 сомонӣ маблағ ба даст меорад. Ба ин тариқ, ӯ ҳам вазъи молии худро беҳтар мекардаасту ҳам аз он шод аст, ки хунаш метавонад ба тандурустии нафаре мусоидат кунад.
Барои саломатӣ?
Мутахассисони соҳаи тиб барои ҳар як нафари солими аз 18 то 65-сола дар соле то 4 маротиба супурдани хунро тавсия медиҳанд. Аммо таъкид мешавад, ки донор ё хунсупор танҳо шахсе буда метавонад, ки гирифтори бемориҳои сироятӣ ва зӯҳравӣ набошад, нафаре, ки ғизои солим дораду аз камхунӣ азият намекашад.
Маъруф Маҳмудов, омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, дар ин замина гуфт, "он нафароне, ки бемории сироятӣ доранд, аз қабили сил, домана ва ба монанди инҳо, наметавонанд ба ҳайси донор истифода шаванд. Зеро эҳтимол дорад, ки ин хунсупоранда пурра сиҳат нашуда, нафари дигарро сироят намоянд. Ҳамчунин, ба афроди майзадаву нашъаманд ҳам хунсупорӣ иҷозат дода намешавад."
Гуфтанист, зиёд шудани донорҳои хун дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар ин охирҳо ҳодисаҳое аз хуни олуда сироятёбии сокинони кишвар, бахусус кӯдакон ба вируси норасоии масунияти бадан - ВИЧ ва дигар маризиҳо ба мушоҳида мерасад. Масъулони Маркази илмии хун мегӯянд, то имрӯз ба онҳо низ дар ин маврид чанд бор шикоятҳо ворид шудааст, аммо олуда будани хуни донорҳо тасдиқи худро наёфтаанд.
Шурӯъ аз соли 2005-ум бо ташаббуси Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт 14-уми июн чун рӯзи бахшандагони хун таъйин шудааст. Ин созмони байналмилалӣ ҳадаф гузоштааст, то соли 2020-ум ҳамаи сокинони ҷаҳон аз зарурати бахшиши хун огоҳ шаванд ва хунсупорӣ дар тамоми дунё бепул шавад.
Бахшида ба ин сана дар Тоҷикистон то 21-уми июн маъракаи супоридани хуни ройгон идома хоҳад кард. Барои аввалин бор хоҳишмандон метавонанд, дар ду мошини махсуси сайёр, ки ба таври замонавӣ муҷаҳҳаз шудаву барои хунгузаронӣ пешбинӣ гардидааст, хун супоранд.