Клитон: Маскав ба Димишқ чархболҳои низомӣ фурӯхтааст

Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх изҳор намуд, ки бар асари идомаи даргириҳо вазъи башарӣ дар бархе манотиқи Сурия бадтар шудааст. Ба гуфтаи намояндаи ин ниҳод, ин ҳафта садҳо нафар шаҳри Ҳумсро тарк намуданд.

Дар шаҳри Ҳаффа, воқеъ дар шимоли Сурия, афроди то ҳол ношинос сӯи нозирони СММ тир андохтанд. Ин шаҳр, ки аз такягоҳҳои мухолифини ҳукумати Сурия маҳсуб мешавад, як ҳафта боз ба ҳадафи тирборони нерӯҳои вафодор ба Башор Асад табдил шудааст.

Дар ҳамин ҳол Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, ахиран изҳор намуд, ки Русия ба Димишқ чархболоҳи низомӣ фурӯхтааст ва ин ба шиддати низоъ дар Сурия мусоидат хоҳад кард.

Бар пояи як арзёбиии Эрве Ладсу, муовини Дабири кулли СММ оид ба амалиёти башардӯстона, дар Сурия ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шудааст – як бахши бузурги қаламрави кишвар аз назорати ҳукумат берун шудааст ва дар он ҷойҳо задухӯрдҳо миёни нерӯҳои давлатӣ ва ошӯбгарон ҷараён доранд.