Бино бар хабарҳо низомиёни Фаронса баъд аз хуруҷ аз Афғонистон дар Тоҷикистон боқӣ хоҳанд монд.
Сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, Фаридун Муҳаммадалиев, ба Радиои Озодӣ гуфт, бино ба тавофуқе, ки миёни вазирони дифои Тоҷикистон ва Фаронса моҳи январ дар Душанбе ҳосил шудааст, нерӯҳои Фаронса то анҷоми амалиёти НАТО дар Афғонистон дар Душанбе хоҳанд буд.
Вай афзуд, аммо на ҳама сарбозони фаронсавӣ хоки Афғонистонро тарк мекунанд ва аз ин хотир, аз Душанбе низ як теъдоди муайян ба ватан бармегарданд ва теъдоде ҳам барои дастгирии нерӯҳои Фаронса дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд.
Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе беш аз 200 низомӣ, 6 тайёраи ҷангии "Мираж" ва 4 ҳавопаймоии низомии боркаши Фаронса мустақаранд, ки ба нерӯҳои НАТО дар Афғонистон кӯмаки фаннӣ мекунанд.
Тибқи тавофуқоти қаблӣ миёни ду кишвар низомиёни Фаронса то анҷоми амалиёти нерӯҳои НАТО дар Афғонистон дар ҳудуди Тоҷикистон мустақар бояд бошанд.
Чанд рӯзи қабл раисҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд эълом дошт, ки то поёни соли 2012 сарбозони кишвараш аз Афғонистон берун кашида мешаванд. Ин изҳороти раисиҷумҳури Фаронса ба дунболи як ҳамлаи интиҳорӣ ба корвони нерӯҳои НАТО дар шарқи Афғонистон сурат гирифт, ки дар натиҷаи он чаҳор сарбози фаронсавӣ кушта шуданд.
Фаронса дар Афғонистон ҳудуди 3 ҳазору 500 сарбоз дорад, ки аксари онҳо дар вилояти Кописо ҷойгир шудаанд. То кунун 87 сарбози фаронсавӣ дар Афғонистон кушта шудаанд.