Кӯчидаҳои "Роғун" аз раисиҷумҳур кӯмак хостанд

Ҳудуди 70 тан аз раисиҷумҳур хостори бозбинии арзиши хонаи онҳо дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун шудаанд.
Ҳудуди 70 сокини деҳаи Чорсадаи ноҳияи Нуробод аз раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори бозбинии арзиши хонаи онҳо дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун шудаанд.

Дар номаи онҳо ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон омадааст, ки маблағи ҷудонамудаи давлат барои сохтмони манозили истиқоматии онҳо дар деҳаи "Теппаи Самарқандӣ"-и ноҳияи Рӯдакӣ ба далели тӯл кашидани раванди муҳоҷирати онҳо кифоят намекунад.

Дар мактуби онҳо омадааст, комиссияи муштараки "Роғунсохтмон" ва ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз соли 2009-ум манозили эшонро нархгузорӣ карда, аммо танҳо соли 2011-ум замин ҷудо намудааст ва дар ин муддат қимати масолеҳи сохтмонӣ бамаротиб афзудааст. 12 тани онҳо гуфтаанд, ки умуман барои манзил замин нагирифтаанд.

Ба иттилои сокинон, манозили ҳудуди 50 дарсади онҳо нимсохта мондааст. Барномаи кӯчонидани мардуми минтақаи қаламрави сохтмони Роғун ҳанӯз соли 2009-ум оғоз ёфта буд. Дар чорчӯби ин барнома, 4700 оила ва ё тахминан 30 ҳазор сокини 63 деҳаи Роғуну Нуробод ба Данғара, Турсунзода ва Теппаи Самарқандӣ дар атрофи пойтахт ва Дарбанд муҳоҷир шаванд. Ин марҳила то соли 2015-ум идома хоҳад ёфт.

Доир ба раванди кӯч додани мардум ва вазъи зисти онҳо дар ҷойҳои нав бо мусоидати Иттиҳоди Аврупо аз тарафи Дафтари ҳуқуқи инсон ва қонунмандии Тоҷикистон як бозрасӣ анҷом дода шуд ва ин бозрасӣ дар ҳузури намояндагони мақомоти масъули ҳукумати кишвар, созмонҳои байналмилалӣ ва дохилӣ сурат гирифт.

Яке аз масъалалаҳои ҷиддие, ки дар минтақаҳои нави зист ба мушоҳида мерасад, аз тарафи ҳукумат дуруст сурат нагирифтани пардохти ҷубронпулӣ ва зиёд намудани ҳаҷми маблағи ҷубронпулӣ будааст.

Гузашта аз ин, мувофиқи баҳогузории Идораи НБТИ, арзиши манзилҳои сокинони муҳоҷир дар ҳар минтақа дар соли 2009-ум, аз 15 то 40 ҳазор долларо дар бар мегирад. Ин маблағ дар чаҳор марҳила 30-дарсадӣ ба хонаводаҳо дода мешавад. Аммо вобаста ба боло рафтани нархи масолеҳи сохтмонӣ ва дигар ашё зарурӣ, ин маблағ дар сохтмони хона дар ҷои нав камӣ мекунад.