Дар шаҳри Душанбе нахустин мактаби байналмилалии президентӣ ба фаъолияти худ оғоз хоҳад кард.
Ин мактаби байналмилалӣ аз ҳоло барои қабули довталабон озмун эълон кардааст. Бинои ин муассисаи таълимиро бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон дар хиёбони Карамови маҳалаи "Каленин"-и пойтахт бунёд намудаанд.
Наврӯз Хокироев, сармутахассиси Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии вазорати маориф дар ин бора ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ӯ гуфт, ҳоло дар назди вазорати маориф комиссияи қабули довталабон барои таҳсил дар мактаби байналмилалӣ ташкил шуда, хоҳишмандонро аз синфи 1-ум то 11-ум тариқи озмун қабул мекунанд.
Интизор меравад, ба мисли аксар мактабҳои байналмилалии ҷаҳон дар ин муаcсиса низ 70 дарсади барномаи таълимӣ бо забони англисӣ ва 30 дарсади он бо забони модарӣ сурат бигирад. Аммо шаҳрвандони хориҷӣ пурра ба забони англисӣ ба таълим фаро гирифта хоҳанд шуд.
Масъулони вазорати маориф ният доранд, таълимро дар ин муассиса аз рӯи низоми донишгоҳи "Кембриҷ" ба роҳ монанд. Дар ҷаҳон 220 мактаби байналмилалӣ амал мекунад ва мақомоти Тоҷикистон талош доранд, то ин муассисаи таълимиро низ ба қатори ин мактабҳо шомил кунанд.
Таълим дар мактаби байналмилалии президентӣ шартномавӣ буда, феълан нархи он муайян карда нашудааст. Вале гуфта мешавад, нархи таҳсил дар ин муассисаи таълимӣ дар муқоиса ба мактабҳои дигар бамаротиб боло хоҳад буд.