Мақомоти амниятии Миср мегӯянд, Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури пешини ин кишвар бештар аз як ҳафта аст, ки гаҳ-гоҳе аз ҳуш меравад. Вай дар зиндоне дар Қоҳира мӯҳлати ҳабси абади худро сипарӣ мекунад ва аз зиндон ба шифохонаи дохили зиндон интиқол дода шудааст. Бино ба гузоришҳо, хонум ва ду духтари Муборак рӯзи якшанбе ба ин шифохона ба аёдати вай рафтаанд.
Аз сӯи дигар, тақрибан 200 нафар ҷонибдорони Муборак рӯзи дуввуми эътрози худро идома медиҳанд ва тақозо мекунанд, ки Ҳуснӣ Муборак ба шифохонаи низомӣ ё ба ягон шифохонаи хусусӣ интиқол дода шавад.
Бино ба гуфтаи мақомоти амниятӣ ва гузороишҳои матбуотӣ, вазъи саломатии Муборак баъд аз эълони ҳукми додгоҳ дар 2 июн ва интиқоли вай ба зиндони Тора якбора бад шудааст.