Машқҳои низомии СҲШ дар вилояти Суғд давом дорад

Дар вилояти Суғд аз 6 кишвари узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой 5 кишвар Русияву Чин, Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистон дар машқҳои низомӣ ширкат доранд. Узбакистон аз ширкат дар ин машқҳо худдорӣ кардааст. Ин машқҳо зери номи “Сулҳ 2012” дар маҳале бо номи Чорухдарон баргузор мешавад ва дар он 2000 низомиён ширкат доранд.

Вазорати дифои Русия гуфтааст, дар ин машқҳо руасои ситоди артиши 5 кишвар ширкат меварзанд. Ин машқҳо дар се марҳила баргузор мешавад: машваратҳои стратегӣ, омодагӣ ба “ҷанг” ва амалиёт. Машқҳои муштарак 9 июн оғоз шуд ва то 14 июн давом мекунад.