Паёми зиддибуҳронии Кристин Лагард ба Аврупо

Раиси Сандуқи байналмилалии пул аз раҳбарони Аврупо хост, ҷиҳати табобати бонкҳои худ ба хотири мубориза бо буҳрони минтақаи евро оҷилан иқдом кунанд. Кристин Лагард гуфт, мақомот бояд ҷиҳати ҳамгун сохтани механизми бонкдорӣ дар минтақаи евро амал карда, васоили қавитари идораи буҳронро ба вуҷуд биоранд. Ахиран раисиҷумҳури Амрико Барак Обама низ раҳбарони Аврупро ба «иқдомоти рӯшан» алайҳи буҳрони рӯ ба вахомат овардаи минтақаи евро даъват кард.