7 шаҳрванди Тоҷикистон – 6 мард ва 1 зан – дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо иттиҳоми қасди ғорат дастгир шудаанд. Ба гуфтаи пулис, ин гурӯҳ субҳи ҷумъа ба манзили як шаҳрванди Чин ҳамла оварда, бо таҳдид бо корд 500 000 рубл ва 3 телефони мобили ӯро ғорат кардааст. Алайҳи ҳамаи ин 7 нафар бо иттиҳоми ғоратгарӣ парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.