Нахуствазири пешини Украина бори дигар ба мавзӯи моҷарои лафзии миёни Аврупо ва Украина табдил мешавад.
Даъватҳои Иттиҳодияи Аврупо дар бораи таҳрим кардани бозиҳои қаҳрамонии футболи “Аврупо-2012” ба ин нукта ишора мекунад. Ҳабси зиддунақизи Юлия Тимошенко шояд ин бор барои Киев гарон тамом шавад. Ба назар мерасад, ки моҷароҳои миёни Аврупову Украина барои хонум Тимошенко ба бозиҳои футболи “Аврупо”2012” оҳанги сиёсӣ бахшидааст.
Олександр Уланович, яке аз касоне буд, ки замоне бо Юлия Тимошенко дар як ҷабҳа қарор доштанд. Вай бо тиҷорати хурд машғул буд ва аз ҷумлаи даҳҳо ҳазор шаҳрвандони Украина ба шумор мерафт, ки дар соли 2004 дар ҷараёни Инқилоби Норинҷӣ дар “Майдони Истиқлол”-и Киев ширкат меварзид. “Майдони Истиқлол” бо номи “Майдан” низ машҳур аст.
Акнун дар ин рӯзҳо Олександр бо як силсила тарабхонаҳову нуқтаҳои пешкашкунандаи хӯрокҳои саридастӣ умед дорад, ки аз бозиҳои қаҳрамонии футболи Аврупо дар Киев тиҷорати худро густариш диҳад ва даромади хуб ба даст орад.
Вале коре, ки вай аз ёд бурдааст, ҳимоят аз хонум Тимошенко мебошад.
“Вай ва (Виктор) Юшенко беҳтарин имкон доштанд, имкони таърихӣ доштанд, ки дар кишвар вазъиятро тағир диҳанд. Онҳо аз ҳимояти бузурги мардуми кишвар ва ҳимоят аз хориҷ бархурдор буданд. Вале ин корро накарданд. Натавонистанд. Онҳо миллионҳо нафареро, ки барояшон рай дода буданд ва барояшон дар “Майдан” истода буданд, фиреб карданд. Ман нисбат ба Янукович Юшенко ва Юлия Тимошенкоро гунаҳгор медонам”.
Юшенко ва Юлия Тимошенко аз дастаи сиёсатмадороне буданд, ки умеди ояндаи демократияи Украина дониста мешуданд. Акнун онҳо дигар ниру надоранд, ки инқилоберо илҳом бахшанд.
Бо вуҷуди ин, хонум Тимошенко то ҳол дар Украина яке аз шахсиятҳои бонуфуз дониста мешавад. Вай дар зиндоне дар шаҳри Харков 7 соли мӯҳлати ҳабсро сипарӣ мекунад, вале президент Виктор Янукович дар симои вай рақиби билқувваеро мебинад ва талош дорад забони вайро “бибандад”.
Иддао мешавад, ки хонум Тимошенкоро дар давраи нахуствазириаш дар соли 2009 дар бораи газ бо Русия қарордоди барои Украина зараровар имзо кардааст.
Чанд нафар аз ҳамкорони вай низ бо ҳамин гуноҳ зери фишор гирифта шуданд. Юрий Лутсенко-вазири пешини корҳои дохила низ ҳоло барои 4 сол ба зиндон андохта шудааст.
Эътибори Тимошенкои 51 сола ҳоло боло меравад. Вай шикоят карда буд, ки мавриди шиканҷаҳои дардовар қарор гифтааст ва ҳатто муддате ба нишонаи эътироз гуруснанишинӣ низ кард.
Украина барои ҳабси Тимошенко дар мунсиботаш бо Аврупо ба маҳрумият низ дучор шудааст. Иттиҳодияи Аврупо имзои қарордоди тиҷоратиро ба таъхир андохт ва гуфт, пеш аз имзо Украина бояд низоми қонунгузории худро беҳтар кунад.
Раҳбарони Аврупо моҳи гузашта аз ширкат дар мулоқоти Ялта даст кашиданд. Шуморе аз мақомоти баландпояи Аврупо гуфтанд, ки ба нишонаи эътироз бар зидди ҳабси Тимошенко бозиҳои “Аврупо-2012” дар Украинаро бойкот мекунанд.
Баъзе коршиносон мегӯянд, ки Аврупо дар ду соли ахир аз фаъолияти раҳбарони Украина хаста шудааст ва мехоҳад, ки ин кишвар худаш мушкилоташро ҳал кунад. Онҳо чандон майли кӯмак ба ин кишварро надоранд.
Аммо ин ақидаҳо низ вуҷуд дорад, ки Юлия Тимошенко бо ҳизби “Боткившина”-и худ дар интихоботи порламонии моҳи октябри соли ҷорӣ нақши муҳим хоҳад дошт.