Оғози размоиши нерӯҳои СҲШ дар "Чоруқдарон"

Размоиши муштараки кишварҳои узви СҲШ (ШОС) - "Маъмурияти сулҳ-2012" дар Суғд то 14-уми июн идома меёбад.
Чен Бинде, сардори ситоди кулли артиши Чин, баъд аз зӯҳри рӯзи ҳафтуми июн дар Қайроққум гуфт, гуфт, дар ин ҷаласа аз 10 соли фаъолияти гузаштаи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС) натиҷагирӣ ва дурнамои он барои даҳ соли оянда матраҳ шудааст. Ҷаноби Бинде афзуд, ҳадафи аслии размоиш омӯзиши масъала ва ҳамоҳанг намудани мавқеъ дар муқобили ҳавфу хатарҳоест, ки ба амнияти Осиёи Миёна таҳдид мекунанд.

Размоиши зиддитеррористии кишварҳои узви СҲШ бо номи "Маъмурияти сулҳ-2012" дар размоишгоҳи Чоруқдарон, 15-километрии шимоли Хуҷанд, сурат мегирад. Ин размоишгоҳ дар даврони Шӯравӣ барои тамрини ҷузъу томҳои низомӣ ва бозомӯзии сарбозу афсарони мустафъӣ таъсис ёфта, дар солҳои охир бозсозӣ шудааст.

Дар ин размоиш беш аз 2 ҳазор сарбозу афсари нерӯҳои мусаллаҳи хушкигард ва ҳавоии ин кишварҳо бо ҳавопаймоҳову чархболҳо, зиреҳпӯшу тӯпҳои нав, силоҳу лавозимоти мухталифи ҳарбӣ фаъолияти худро дар мубориза алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи тундрав дар шароити кӯҳистон ҳамоҳанг хоҳанд кард.

Александр Постников, сардори ситоди кулли Артиши Русия, гуфт, дар размоишгоҳи шимоли Тоҷикистон ҳама гуна шароит барои тамринҳои ҳарбӣ, бахусус машқҳои фармондеҳиву ситодӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият фароҳам карда шудааст. Ӯ изҳори умед кард, ки баргузории ин машқи низом ҷиҳати бартараф намудани чунин хатарҳои эҳтимолӣ дар оянда муҳим хоҳад буд.

Узбакистон, ки аз замони таъсиси СҲШ дар размоишҳои муштараки он иштирок накардааст, ин навбат ҳам бидуни тавзеҳ аз ширкат дар машқи муштараки ҳарбии ин ниҳод дар Тоҷикистон канора ҷустааст. Машқҳои муштарак таҳти фармондеҳии фармондеҳи қушунҳои хушкигарди Тоҷикистон, генерал-майор Эмомалӣ Собиров сурат мегирад.

Аз ҷараёни он мақомоти баландпояи низомии қушунҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СҲШ ва мақомоти ғайринизомӣ аз кишварҳои хориҷӣ назорат хоҳанд кард. Давлатҳои узви СҲШ, ба ҷуз Узбакистон аз замони таъсиси ин ниҳод чанд машқи низомии муштарак таҳти унвони умумии "Рисолати сулҳ" баргузор кардаанд. Размоиши аввал дар моҳи августи соли 2003-юм дар қаламрави Қазоқистону Чин баргузор шуда буд.