Бан Ки Мун Димишқро дар куштори мардум айбдор кард

Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, мақомоти Сурияро дар куштори тақрибан 80 сокини осоишта деҳаи Ал-Хубайра айбор намуд ва гуфт, ки ҳукумати Башор Асад эътимодро аз даст додаст.

Зимни ифтитоҳи Маҷмааи кулли СММ ӯ афзуд, афроди ношинос сӯи нозирони байнулмилалие, ки мехостанд вориди ин деҳа шаванд, тир кушодаанд.Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки артиши Сурия ба нозирони СММ иҷозаи вуруд ба деҳаи Ал-Хубайрро намедиҳанд. Раиси ҳайати нозирони генерал Роберт Муд изҳор намуд, ки зердастони ӯро дар постгоҳҳо нигаҳ дошта, бозпас мегардонанд.

Бан Ки Мун аз Димишқ хост, ки шартҳои оташбаси тарҳи сулҳи фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб Кофӣ Аннонро иҷро кунад ва аммо худи Аннон иқрор намуд, ки ин тарҳ ноком шудааст.

Бар пояи хабарҳо, бар асари амалиёти гурӯҳи пуштибон аз ҳукумати “Шабиҳа” дар деҳаҳои Ал-Хубайраи вилояти Ҳома дасти кам 78 нафар ба ҳалокат расиданд. Ва аммо ҳукумати Сурия даст доштанаш дар ин кушторро рад кард. Дар изҳороти расмии Димишқ ин хабар чун “дурӯғ” арзёбӣ ва гуфта шудааст, ки дар он ҷо ҷасади фақат 9 нафари аз тири аъзои гурӯҳи террористӣ кушташударо ошкор кардаанд.

Вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон имрӯз хушунат дар Сурияро аз ҳад беш номид ва бори дигар аз раисиҷумҳур Башор Асад хост, ки ба истеъфо равад.