Шумо ягон бор дар Фейсбук, Твиттер ё ҷои дигар чизе навиштаед, ки баъд аз як лаҳза аз карда пушаймон шуда бошед?
Як дӯсти фейсбукии мо мегӯяд, “рости гап, чанд муддати аввали шиносоӣ бо ин шабакаҳо, ман борҳо ба чунин хато роҳ додаам. Навиштаи бисёр беадолатонаи касеро мехонӣ, ба хашм меоӣ ва мехоҳӣ ҳамон лаҳза чанд ҷумлаи “дандоншикан”-е ба унвони ӯ бифиристӣ. “
Тасдиқи ин гуфтаро ҳоло ҳам метавон дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо кард. Ҳарчанд дар як соли охир фарҳанги баҳс дар Фейсбуки тоҷикӣ андаке беҳтар шудааст, ҳанӯз ҳам афроде ҳастанд, ки ҳангоми баёни андешаи худ ба дигарон тамға ё барчасп мезананд.
Яке аз фаъолони Фейсбук, Саодат Ашӯрова ахиран аз чунин ҳол ба танг омада, навишт, ки “гӯш кунед, одамон. Ба дилатон назад, якдигарро бо ҳар номе паст задан? Ман ҳамзамон пантуркистам ва панрусист, панэронист, панчиноӣ, паняҳудӣ ва пан- ҳарчизе ки хоҳед, ҳастам ва аз эътирофи ин шарм намедорам. Ман тарафдори сулҳ дар тамоми ҷаҳонам! Аз дигарон чизҳои хубро омӯзем ва аз дигарон худро боло нагузорем.”
Аммо бо шарҳ ё твитҳои эҳсосотӣ бояд чӣ кард? Сиёсатмадорони амрикоӣ, ки низ баъзан ба чунин хато роҳ медиҳанд, одат доранд, ки зуд баргарданд ва навиштаҳои танзомез ё эҳсосоти худро, ба истилоҳ “кӯр кунанд”. Аммо, ба бадбахтии онҳо, дар ин кишвар созмоне пайдо шудааст, ки чунин шарҳҳоро дафъатан нусхабардорӣ ва ҳифз мекунад. Ҳафтаи гузашта бахши фаннии бунёди “Санлайт” бо номи “Политвупс” силсилаи паёму шарҳҳои маҳвшудаи сиёсатмадорони амрикоирот ба табъ расонд.
Том Ли, раиси ин бунёд мегӯяд, иттифоқан ҳамин паёмҳои кӯршуда ба беҳтарин тарз моҳияти сиёсии муаллифонро бозгӯ мекунад: “Твиттер ҳарчӣ бештар ба як василаи муҳими робитаи сиёсатмадорон бо интихобкунандагон табдил меёбад. Мо вазифаи худро дар он мебинем, ки ин робита ва каналҳои робитаро барои ҳар шахс қобили дастрасӣ гардонем.”
Яъне корбарони торнамои “Политвупс” ҳоло метавонанд, бинанд, ки сенатор Ҷон Маккейн, ки чандон мухлиси президенти Русия, Владимир Путин нест, баъд аз ду дақиқаи навиштани як паём ҳангоми дидани ашки пирӯзии Путин дар интихоботи президентӣ онро бо шитобзадагӣ кӯр кард. Паём ин гуна буд: “Влади азиз! Сюрприз! Сюрприз! Ту бурдӣ. Мардуми Русия ҳам гиря дорад.”
“Политвупс” дар шаш моҳи охир 3000 паёми маҳвшудаи сиёсатмадорони амрикоиро ба нашр расонд. Масалан, конгрессмени ҷумҳурихоҳ савол кард, ки ҳамин Барак Обама дар Амрико таваллуд шудааст ё не. Аммо пас аз 55 дақиқа онро аз байн бурд. Гап сари овозаҳоест, ки Обама дар Амрико таваллуд нашудааст ва бино бар қонуни асосии ин кишвар ҳаққи президент шуданро надорад.
Номзадшавандаи президентии Амрико Нют Гингрич дар бораи худ аз номи шахси сеюм ситоишҳо навишт ва баъд аз 7 дақиқа онҳоро кӯр кард. Конгрессмен аз Ҳизби демократ навишт, касеро, ки барои ин тарҳ раъй намедиҳад, дигар одам ҳисоб намекунам. Вале баъд аз 6 сония онро нест кард.
Иттифоқан, зуҳури торнамои “Политвупс” сабаб гашт, ки сиёсатмадорон акнун ба ҳар чизе ки менависанд, диққати бештар диҳанд. Тавре мегӯянд, "ҳафт бор чен куну як бор бур". Онҳо ин ишораро ҳам карданд, ки акнун медонанд, агар тир аз камон ҷаст, дубора барнамегардад. Онҳо навиштанд, ки аз мавҷудияти “Политвупс” хабар ёфтаанд. Раиси Маҷлиси намояндагони Амрико аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ Ҷон Боунер навишт, ки оре, бисёр паёмҳо пайдо мешаванду баъд гум мешаванд. “Як чизи дигаре ки имрӯз гум шудааст, ҷойи кор дар кишвар дар даврони раҳбарии Обама аст.”
Вай ин паёмро баъд аз 36 сония маҳв кард ва медонист, ки он дар “Политвупс” пайдо хоҳад шуд.