Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ҳашт нафарро дар робита ба заҳролуд кардани садҳо духтар дар чанд мактаб дар вилояти Тахор боздошт карданд. Генерал Наҷибулло, раиси раёсати амнияти миллӣ дар ин вилоят ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҷиноят амали дасти гурӯҳи Толибон ва Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон будааст: “Касе, ки дар раъси ҳамин барнома қарор дошт, дастгир шуд. Ин кори дасти Толибон аст, бештар тарроҳӣ созмондиҳии ин мавзӯъро Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон дошта, ки эътирофот ҳам дар ин росто вуҷуд дорад.” Ба гуфтаи мақомоти беҳдоштӣ, 800 духтар дар 6 мактаби вилояти Тахор бар асари нафас кашидани гази заҳрогин бемор шудаанд. Толибон гуфтаанд, ки дар ин ҳамла даст надоранд, агарчӣ дар аҳди онҳо дар Афғонистон дар солҳои 1996 то соли 2001 духтарон аз ҳаққи таҳсил маҳрум шуда буданд.