Амрико қатли дастёри Завоҳириро таъйид кард

Ҳукумати Амрико рӯзи сешанбе гуфт, дар воқеъ Абуяҳё ал-Либӣ, муовини раҳбари Ал-Қоида, кушта шудааст ва инро “як зарбаи маҳкам” ба пайкари ин созмони террористӣ хонд. Дар ин бора Ҷей Карнӣ, сухангӯи Кохи Сафед хабар дод, вале ҷузъиёти марги Ал-Либиро ошкор накард. Пештар аз ин манобеъе дар ҳукумати Амрико гуфтанд, ки дастёри аршади Айман ал-Завоҳирӣ рӯзи душанбе дар ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико дар Покистон кушта шудааст. Ҷей Карнӣ, Абуяҳё ал-Либиро, раҳбари амалиётҳо ва "коргузори кулли" Ал-Қоида номид ва гуфт, барои Ал-Қоида пайдо кардани фарде мисли Ал-Либӣ сахт хоҳад буд ва марги созмони террористии мазкурро назар ба гузашта ба нобудӣ наздиктар кардааст. Нерӯҳои амрикоӣ пас аз қатли Усома бин Лодан дар моҳи майи соли гузашта, даҳҳо нафар аз аъзои баландпояи ин созмонро куштаанд.