Сурия ҳабдаҳ дипломати кишварҳои ғарбиро “персона нон грата”, яъне афроди ғайри қобили қабул эълон кардааст.
Сухангӯи вазорати умури хориҷии Сурия гуфтааст, Димишқ дар вокуниш ба ихроҷи дипломатҳояш аз чанд кишвари ғарбӣ дипломатҳои ин кишварҳоро аз хоки худ берун кардааст.
“Рӯйхати сиёҳ”-и Димишқ аз ҷумла сафирони Амрикову Бритониё, Фаронсаву Туркия ва ҳамчунин ходимони сафоратҳои Канадаву Итолиё, Олмону Испания ва Булғористону Белгияро дар бар мегирад. Вазорати умури хориҷии Сурия аммо бо “изҳори боварӣ ба аҳамияти муколама” гуфт, барои азсаргирии муносибот бо Ғарб боз аст.
Ин иқдоми Сурия дар ҳоле сурат гирифта, ки ба дунболи куштори ғайринизомиён дар Ҳула ва Ҳумс, мақомоти Белгияву Булғористон, Испанияву Олмон, Австралия ва Суис дар иқдоме ҳамоҳанг аз дипломатҳои Сурия хостанд, то хоки ин кишварҳоро тарк намоянд.
Аз оғози нооромиҳо дар Сурия понздаҳ моҳ мегузарад ва Созмони Милали Муттаҳид дар талош аст, то ба хушунатҳои ин кишвар поён бидиҳад. Бо вуҷуди ин ҳама талошҳо, гузоришҳо аз идомаи нооромиҳо дар Сурия ҳикоят мекунанд.
Дар даргириҳои шаҳраки Ҳула ҳудуди 108 тан, аз ҷумла чандин кӯдак кушта шуданд. Ҳукумати Димишқ мегӯяд, нақше дар ин кушторҳо надошта ва ин корро ба гурӯҳҳои мусаллаҳ, ки аз онҳо “террорист” ном бурда мешавад, нисбат додааст.
Аммо мӯътаризони Сурия ҳамроҳ бо Шӯрои Амният ва кишварҳои ғарбӣ давлати Сурияро масъули ин кушторҳо донистаанд. Рӯзи сешанбе низ расонаҳо аз кушта шудани даҳҳо сарбози Сурия дар рӯзҳои гузашта хабар доданд.
Бино ба гузориши Ассошиейтед-Пресс давлати Сурия эълом кардааст, ки дар се рӯзи гузашта наздик ба 80 сарбози Сурия кушта шудаанд. Ин дар ҳолест, ки ниҳоди нозирони ҳуқуқи башари Сурия, ки қароргоҳаш дар Лондон аст, ин рақамро то 134 тан боло бурдааст.