Рӯзи панҷуми июн дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи дувуми саҳҳомони нерӯгоҳи барқи обии Роғун доир гардид.
Ин ҷаласа таҳти раёсати Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон, баргузор шуда, саҳҳомон гузориши солонаи ҷамъияти саҳҳомии Роғун ва муҳосиботи пулии онро таъйид ва ҳайати нави Шӯрои нозирони ин ҷамъиятро интихоб кардаанд. Аз қабл дар сайт (торнамо)-и Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон эълони баргузории ин ҷаласа нашр шуда буд ва саҳмдорони хоҳишманд имкони ширкат дар онро доштанд.
Аммо наҳваи баҳрабардорӣ аз саҳмияҳои Роғун ва маблағе, ки аз сӯи мардум ҷамъоварӣ шуда буд, то кунун ба сурати дуруст рӯшан нест ва баҳсу гумони зиёдеро барангехтааст. Исмат Азизов, сокини шаҳри Душанбе, яке аз саҳмдорони нерӯгоҳи Роғун аст. Ӯ мегӯяд, дар соли 2010-ум, вақте маъракаи харидории саҳмияҳо эълон шуд, бо вуҷуди имкони андаки молӣ дар ҳаҷми бештар аз 14 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои Роғунро харидорӣ кардааст. Вале дар иҷлоси рӯзи 5-уми июн ширкат накарда ва то кунун баҳрае ҳам аз саҳмияҳои худ ба даст наовардааст.
Азизов мегӯяд, "то кунун ягон фоида аз саҳмияҳои Роғун нагирифтаам. Зеро баъди ба кор даромадани чархаи аввали нерӯгоҳ ин саҳмияҳо фоидаовар мешаванд. Рости гап, аз январи соли 2011-ум ба ин ҷониб дар бораи ба кадом роҳ ин саҳмияҳо фоида меоранд, таваҷҷӯҳ накардам ва иттилоъ надорам."
Фурӯши саҳмияҳои Роғун дар моҳи январи соли 2010-ум оғоз шуд ва дар тӯли чанд моҳ ба арзиши бештар аз 800 миллион сомонӣ саҳмияҳои Роғун аз сӯи мардум ва муассисаҳои Тоҷикистон харидорӣ шуданд. Дар дувуним соли пеш мардум, давлат ва мухолифони сиёсии он дар харидории ин саҳмияҳо даст ба дасти ҳам дода буданд. Дар аксари маврид кормандони ниҳодҳои давлатӣ ба сурати иҷборӣ аз ин саҳмияҳо харидорӣ мекарданд. Баъдтар харидории ин саҳмияҳо кунд шуд ва ҳатто дигар харидорӣ нашуданд. Таблиғи харидории саҳмияҳои Роғун тавассути расонаҳои давлатӣ ва иҷбори кормандон барои харидории ин саҳмияҳо боиси эътирози созмонҳои марбутаи байналмилалӣ шуд ва ба дунболи он ин маърака камранг гардид.
Дар моҳи августи соли 2010-ум бо дастури ҳукумат қисме аз маблағҳои аз фурӯши саҳмияҳо ба даст омада ба муомилаи тиҷорӣ дар бонкҳо гузошта шуд. Аз ҷумла, дар ихтиёри "Агроинвестбанк" - 118,2 миллион сомонӣ, "Тоҷиксодиротбанк" - 20,3 миллион сомонӣ, "Бонки рушди Тоҷикистон" - 2,8 миллион сомонӣ, "Тоҷпромбанк" - 11,1 миллион сомонӣ ва "Фонон Банк" - 5 миллион сомонӣ гузошта шуд. Баъдан ба ҳисоби "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" 80 миллион сомонӣ илова шуд. Дар ҳоли ҳозир дар ҳисобҳои муомилотӣ ё депозитии бонкҳои Тоҷикистон 237 миллион сомонии саҳмияҳои Роғун мавҷуд аст.
Ба гуфтаи коршиносон бар асоси қонуни ҷамъиятҳои саҳҳомӣ агар пули ҷамъияти саҳҳомӣ дар муомилаи тиҷоратӣ бонк қарор дошта бошад, бояд саҳми солонаи мутаносиби он миёни саҳҳомон тақсим шавад. Давлатмурод Ҷумъаев, раиси Анҷумани ҳимоят аз рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, "фоида мутаносибан ба саҳм гирифта мешавад. Масалан, маҷлиси саҳмдорон ҷамъ мешавад ва қарор мекунад, ки корхона 100 миллион фоида дид. Баъд аз ҳисоби ҳамаи пардохтҳо ва андоз, масалан, 40 фоиз фоидаи соф боқӣ мемонад. Ҳамин фоиз миёни саҳмдорон вобаста ба андозаи саҳмашон тақсим мешавад. Фарқ надорад, хоҳ истеҳсолот оғоз шуда бошад, хоҳ нашуда бошад, саҳмдорон метавонанд, фоида бигиранд. Агар пули ҷамъияти саҳҳомӣ дар муомилаи бонкҳои тиҷоратӣ бошад ва фоида биорад."
Ин ҳам дар ҳолест, дар аввали соли равон Сафаралӣ Наҷмуддинов эълон намуд, ки пулҳои Роғун, ки дар бонкҳои тиҷоратӣ гузошта шуда буданд, 25 миллион сомонӣ дивидент овардаанд. Тибқи иттилои бархе аз манобеъ тафтиши молӣ дар чанд бонки тиҷоратӣ ҳолати аз саҳмияҳои Роғун додани қарзи бо фоиз ба соҳибкоронро муайян кардааст. Аммо мақомоти бонкҳо чунин иттилоеро то кунун таъйид ё такзиб накардаанд.
Сӯҳроб Шарифов, вакили порлумон ва мудири собиқи Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон яке дигар аз саҳмдорони Роғун аст, ки саҳмияи ба ном дорад, аммо мегӯяд, ба фоидаи ин саҳмияҳо баъд аз оғози тавлидоти нерӯгоҳ хоҳад андешид. Ба ақидаи ӯ, "иқдоми саҳмияхарӣ бештар аз тарҳи иқтисодӣ як иқдоми сиёсӣ, ба манзури нишон додани ҳамраъйии мардум ва давлат буд."
Дуруст аст, ки бисёре аз саҳмдорон мегӯянд, то кунун фоидае ба даст наоварданд ё ба умед нестанд ва ҳам ба шароити гирифтани он ошно намебошанд. Аммо агар саҳмдорони Роғун барои гирифтани фоидаи саҳмия мунтазири ба кор оғоз намудани Роғун бинишинанд, ҳадди ақал метавонанд саҳмияро бо нархе, ки харидорӣ кардаанд, бифурӯшанд? Сӯҳроб Шарифов мегӯяд, "дар назди вазорати молия вазифа гузошта шуда буд, ки биржаи қоғазҳои қиматнокро ташкил кунад. Ин дастур дар ду соли пеш буд, дар паёми соли гузашта буд. Аммо то кунун ин супориши раисиҷумҳур иҷро нашудааст. Намедонам, баҳонаи иҷро накардани ин супориш чӣ буд. Вале агар ҳамин супориш иҷро мешуд ва бозори қоғазҳо ташкил мешуд, саҳмияҳои Роғун қурби худро пайдо мекард ва ё зиёд ё кам дар ҳамин бозор ба фурӯш мерафт."
Сармоягузории нерӯгоҳи Роғун аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон дар соли соли 2007-ум ба сурати густарда оғоз шуд ва то соли 2010-ум, то замони ҷамъоваррии маблағ барои Роғун, ҳукумат дар ин тарҳ 1 миллиарду 325 сомонӣ маблағгузорӣ карда буд. Дар соли 2011-ум ҳам 813 миллион сомонӣ дар ин сохмтон сармоягузорӣ шудааст.
Сохтмони мазкур боиси сардии бесобиқаи равобит миёни Тоҷикистону Узбакистон ва ҳамчунин Русия ба унвони шарики Тоҷикистон шудааст. Узбакистон даъво дорад, ки ин тарҳ боиси фоҷиаи зистмуҳитӣ мешавад ва Русия мехоҳад, саҳмияҳои ин нерӯгоҳро дар ихтиёр дошта бошад. Аммо Тоҷикистсон то кунун ба даъвои ҳардуи ин кишвар муқовимат кардааст.
Аммо наҳваи баҳрабардорӣ аз саҳмияҳои Роғун ва маблағе, ки аз сӯи мардум ҷамъоварӣ шуда буд, то кунун ба сурати дуруст рӯшан нест ва баҳсу гумони зиёдеро барангехтааст. Исмат Азизов, сокини шаҳри Душанбе, яке аз саҳмдорони нерӯгоҳи Роғун аст. Ӯ мегӯяд, дар соли 2010-ум, вақте маъракаи харидории саҳмияҳо эълон шуд, бо вуҷуди имкони андаки молӣ дар ҳаҷми бештар аз 14 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои Роғунро харидорӣ кардааст. Вале дар иҷлоси рӯзи 5-уми июн ширкат накарда ва то кунун баҳрае ҳам аз саҳмияҳои худ ба даст наовардааст.
Азизов мегӯяд, "то кунун ягон фоида аз саҳмияҳои Роғун нагирифтаам. Зеро баъди ба кор даромадани чархаи аввали нерӯгоҳ ин саҳмияҳо фоидаовар мешаванд. Рости гап, аз январи соли 2011-ум ба ин ҷониб дар бораи ба кадом роҳ ин саҳмияҳо фоида меоранд, таваҷҷӯҳ накардам ва иттилоъ надорам."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад