Оби мусаффои Варзобро кӣ олуда месозад?

Мардуми Душанбе оби рӯди Варзобро менӯшанд, ки ҳифзи покии он зери суол аст.
Мақомоти зистмуҳитии Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки дар осоишгоҳҳои Варзоб филтрҳои об насб гардад, аммо то имрӯз мушкили обҳои олудаи фароғатгоҳҳо бо ҷамъоварии он дар ҳавзу чоҳҳо ҳал мешавад ва касе кафолати безарар будани ин обро дода наметавонад.

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори раёсати Маркази беҳдошт ва вогиршиносии Вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд, бо талаби ин марказ ва санҷишҳои додситонӣ алакай аксари соҳибони истироҳатгоҳҳо барои харидорӣ ва насби чунин дастгоҳҳо иқдом кардаанд: "Қабл аз насби чунин филтрҳо ифлосии оби дарёҳо чашмрас буд. Чун нисбат ба соҳибони истироҳатгоҳҳо чораҳои маъмурӣ пеш гирифта шуд, онҳо маҷбур гардиданд, аз дастгоҳҳои мазкур истифода баранд."

Дар ҳоле ки Варзоб манбаи асосии оби ошомидании сокинони Душанбест, дар соҳилҳои он беш аз 400 тарабхонаву фароғатгоҳ мавҷуд аст. Ҳамчунин партовҳои даҳҳо деҳа ва шаҳракҳои иборат аз бӯстонсароҳо ба оби ин рӯд ҳамроҳ мешавад. Масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯянд, ин мавзеъ яке аз минтақаҳои мавриди нигаронии амиқи онҳост.

Сардори шӯъбаи ҳифзи захираҳои об дар ин кумита, Муборакшоҳ Қадамов, мегӯяд, талошҳои озмоиш ва назорат ба покизагии об дар ин ҷо мушкилоти хоси худро дорад: “Баъзе аз афроди баландмақом, ки соҳибони фароғатгоҳанд, дарҳои худро ба рӯи мо мебанданд. Моро намегузоранд, ки ба онҳо дар мавриди безарар гардонидани обҳои ифлосе, ки аз истироҳатгоҳҳо берун меоянд, машварат ва тавсия бидиҳем. Пеш омадани чунин ҳолатҳо дар кори мо мушкил эҷод мекунад.”

Бо ин ҳам ба таъкиди ин масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон то имрӯз бештари марказҳои шустушӯи нақлиёт ва ҳамчунин ҳоҷатхонаҳо, ки дар соҳили рӯдхонаи Варзоб воқеъ буданд, бардошта шудаанд. Дар зимн, то чанд соли пеш оби рӯдхонаи Варзоб бидуни полоиш ва риоят нашудани меъёрҳои беҳдоштӣ мавриди истифодаи аҳолӣ қарор мегирифт. Ҳамчунин дар фаслҳои баҳору тирамоҳ, ба ҳангоми боришот ва сарозер шудани партовҳо ба ин дарё аз лӯлаҳои обрасонӣ дар манзилҳои сокинони пойтахт оби чиркин ҷорӣ мешуд.

Аммо ҳоло ҳам ба қавли иддае аз сокинони Душанбе вазъ дар бархе аз манотиқи шаҳр тағйир накардааст. Ин дар ҳолест, ки пизишкону вогиршиносон мегӯянд, маҳз оби олуда сарчашмаи паҳн шудани бемориҳои сироятӣ миёни аҳолӣ мегарадад. Доманаву зарпарвин ва исҳоли хунин аз ҷумлаи бемориҳоест, ки дар фасли гармо бештар авҷ мегиранд.

Бино бар гузоришҳои расмӣ, солҳои пеш густариши бемориҳои мусрӣ (сирояткунанда), ба хусус домана дар миёни аҳолии ноҳияи Варзоб ва шаҳри Душанбе ба мушоҳида расидааст. Ҳамакнун масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло Корхонаи обу корези шаҳри Душанбе барои поку безарар гардонидани оби ошомидании шаҳриён аз дастгоҳҳои муосир истифода мебарад. Аммо агар партовҳо дар масири Варзоб полоиш ва поксозӣ нашаванд, талоши онҳо гумон аст, муваффақ бошад.