Бо наздик шудани поёни умри раёсати Ҳомид Карзай хонаводаи ӯ талош доранд, мақому имтиёзҳои худро ҳифз кунанд.
Бародари ӯ - Қайюми Карзай дар фикри номзад кардани худ дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Афғонистон буда, бародарону хешовандони дигараш барои касби назорат бар тиҷоратҳои бузурге, ки ин хонавода дар 10 соли охир ба роҳ андохтааст, аз гиребони ҳам гирифтаанд. Чунин аст, хулосаи умумии матлабе бо номи “Тавтиа дар хонаводаи Карзай”, ки рӯзномаи амрикоии The New York Times нашр кардааст.
Хуруҷи нерӯҳои эътилоф аз ҷанги ҳанӯз тамомнашудаи Афғонистон ва хатми давраи ниҳоии раёсати Ҳомид Карзай, ки ҳарду дар соли 2014 иттифоқ хоҳанд уфтод, нухбагони афғонро, ки тайи 10 соли раҳбарии ӯ аз қарордодҳои низомии Амрикову муомилот бо ширкатҳои хориҷӣ ва фасоди идориву қочоқи маводи мухаддир сарватҳои ҳангуфте ғундоштанд, сахт нигарони оянда кардааст, ки ин ҳама сармояро куҷо гузоранду сари худро куҷо баранд?
Қазияи Айнумена
Аммо дар байни аъзои хонаводаи Карзай, ки аксар атбои Амрикоянд, моҷаро бештар бар сари ҳифзи қудрат будааст ва ҳам касби назорат бар бузургтарин тиҷорати ин хонавода - сохтмони 14 700 манзил дар Айнумена, минтақае дар ҳошияи шаҳри Қандаҳор. The New York Times менависад, ихтилоф байни бародарони Ҳомид Карзай, ки дар пайи қатли Аҳмадвалӣ Карзай дар соли 2011 бархост, ҳомили ҳам иттиҳомот ба дуздиву тамаъҷӯист ва ҳатто гумони сӯиқасд ба ҷони яке аз онҳо.
Марги Аҳмадвалӣ як халои маҳсуси қудратро дар Қандаҳор ва ҳам дар дохили хонаводаи Карзай ба вуҷуд овард. The New York Times менависад, Шоҳвалӣ Карзай, ки то ҳол дар соя қарор дошт ва дар тарҳи Айнумена як менеҷери қаторӣ буд, баъд аз марги Аҳмадвалӣ бо кумаки Ҳомид Карзай ҳам раҳбари қабилаи пӯпалзай ва ҳам раиси Шӯрои Қандаҳор шуд ва ширкатеро таъсис дод, ки тиҷорати AFCO - ширкати марбут ба бародари дигараш Маҳмуди Карзай дар ин тарҳи бузургро танг кунад. Акнун Маҳмуд ба додситонӣ шикоят бурда, Шоҳвалиро ба сирқати 55 миллион доллар аз ҳисоби AFCO айбдор мекунад. Шоҳвалӣ ин иддаоро радд намекунад, вале мегӯяд, ин пули мардуми Қандаҳор аст.
Ду моҳ пеш, дар айни ин ҷанҷол мақомот аз ошкор шудани як сӯиқасд ба ҷони Маҳмуди Карзай хабар доданд, вале худи ӯ мегӯяд, ба даст доштани бародараш дар ин амал бовар намекунад.
Бетарафии раисиҷумҳур
Айюб Рафиқӣ, аз мунтақидони Ҳомид Карзай мегӯяд, садҳо миллион долларе, ки дар дасти бародарони ӯ мечархад, аксар меваи фасоди идорист ва сӯдҳое, ки ин хонавода ба далели қаробат бо шахси аввал аз тиҷоратҳои дигарон, аз ҷумла аз ширкатҳои хориҷӣ, ҷамъ меорад: “Қазияи Айнумена ба ҳама маълум аст. 20 000 ҷилиб (4000 гектар) замини давлатиро 275-долларӣ хариданд ва акнун 150 000-долларӣ мефурӯшанд. Ин як барномаи чандсадмиллиондолларист, ки мардуми Қандаҳор бо он мувофиқ нест. Дар зимн ихтилоф байни бародарҳост бар сари пули Айнумена мушкили иқтисодиву амниятиро пеш оварда, ҳатто ояндаи Қандаҳорро зери хатар мегузорад.”
Ҳомид Карзай дар қиболи ин муноқишаҳои бародаронаш зоҳиран бетарафиро ихтиёр кардааст. Вале Бонки марказии Афғонистон вориди қазия шуд ва ҳисобҳои ширкати Шоҳвалиро мунҷамид кард. Қайюм Карзай, сокини Мериленд ва молики тарабхонаи “Ҳилманд” дар Балтимори Амрико, ки ҳоло умеди хонавода ба ҳифзи қудрат аст, иқрор карда, ки талошаш барои миёнҷигӣ байни “мағзҳои ҷӯшида”-и бародаронаш натиҷае наовард. Вале умедвор аст, “бо гузашти вақт ин ҳама пушти сар хоҳад шуд.”
Моҷарои дигаре, ки рӯи хонаводаи Карзай соя андохтааст, расвоии Кобулбонк дар соли гузашта аст, ки 900 миллион доллар пасандози мардумро барбод дод. Як саҳомдори аслии Кобулбонк ҳам, бино ба навиштаи The New York Times, Маҳмуди Карзай будааст.
Баъди Карзай кӣ Карзай мешавад?
Аммо масъалаи асосӣ барои Афғонистон на ин моҷарост, ки хонаводаи Карзайро дар дохил таҷзия кардааст, балки шаклу шеваи таҳвили қудрат баъд аз хатми давраи ниҳоии раёсати Ҳомиди Карзай. The New York Times номзад шудани Қайюми Карзай дар интихоботи соли 2014-ро талоше барҳадар медонад, аз ҷумла ба далели хаста шудани мардум аз ин хонавода ва ҳам фасоди идории саросарӣ, ки давлати Ҳомиди Карзайро хеле бадном кард.
Таҳлилгари афғон Ваҳиди Мужда гуфт, ҳар нафар, аз ҷумла бародарони Карзай, ҳаққи номзад кардани худ дар интихоботро доранд, вале чунин шеваи меросии таҳвили қудрат ба ҷое нахоҳад бурд, балки Афғонистонро дучори мушкилоти бузургтар мекунад: “Дар 10 сол ин хонавода аз ҳеҷ ба ҳама чиз расид ва табиист, ки ҳам пул дорад ва ҳам афроди мусаллаҳ. Ин қудрати молӣ ва туфанг имкон медиҳад, ки Қайюми Карзайро номзад кунанд, вале мухолифон инро нахоҳанд пазируфт. Дар ҷануб Толибон нуфузи бештар дорад ва дар шимол мухолифони ғайрипашту - ҳазораҳову тоҷикҳо ва узбакҳо - бо ҳам муттаҳид шудаанд. Аз ин рӯ, ба қудрат расидани нафаре, чун Қайюми Карзай дар ин ҷо бисёр мушкил аст.”
"Фақат исмаш Карзай набошад..."
Аммо ба бовари Айюб Рафиқӣ, хонаводаи Карзай метавонад бо истифода аз таҷрубаи интихоботи қаблӣ, масалан пешниҳоди мақоми ноиби аввал ба маршал Фаҳим боз ҳам нафари худро дар интихобот “гузаронад.” Вакили Вулусӣ Ҷирга Ҳамидзай Лолай мегӯяд, хонаводаи Карзай барои ҳифзи қудрат ҳатман то охир мубориза хоҳад бурд: “Ҳар касе дар Афғонистон зулм карда бошад, ҳатман сазояшро мебинад. Инҳо ҳам қудратро аз даст доданӣ нестанд, зеро метарсанд, ки мардум аъмоли онҳоро фардо ҳисобу китоб хоҳад кард. Аз ин рӯ, Қайюм Карзай ҳатман ба интихобот меравад ва плани Карзай ин аст, ки то соли 2024 қудратро дар дасти хонаводааш нигоҳ бидорад.”
Таҳлилгарон аммо мегӯянд, талотуми баъдии ҳодисаҳо боз ҳам бастагӣ ба он хоҳад дошт, ки баъд аз хуруҷи нерӯҳои эътилоф давлати кунунӣ ба пои худ хоҳад истод ё аз Кобул рӯфта хоҳад шуд. Дар зимн, чанде пеш вақте аз худи Ҳомиди Карзай пурсиданд, киро ҷойгузини худ мебинад, гуфт, тарҷеҳ ба касе медиҳад, ки исмаш Карзай набошад. Вале фақат баъд аз ду соли дигар маълум хоҳад шуд, ки ин ҳарфи самимии Карзай буд, ё танҳо як ҷилваи сухан.