Клинтон мегӯяд, таҳдиди Эрон "нав" нест

Дар вокуниш ба таҳдидҳои Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба Исроил, Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, гуфт, ин таҳдидҳо “чизи наве” нестанд ва ӯ Эронро аз рафторҳояш дар музокироти қарибулвуқӯъи ҳастаӣ хоҳад санҷид. Хонум Клинтон дар нишасти хабарие дар шаҳри Стокҳолм гуфт, мунтазир аст, бубинад, ки Эрон дар музокирот бо қудратҳои ҷаҳонӣ дар рӯзҳои 18 ва 19 июн дар шаҳри Маскав чӣ чизеро матраҳ хоҳад кард. Вазири умури хориҷии Амрико баъди он дар ин бора сухан гуфт, ки Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон рӯзи якшанбе дар як нутқи оташин, ба Исроил таҳдид кард, ки ба гуфтаи ӯ агар қадами каҷе бардорад, вокуниши "барқворе" аз Эрон хоҳад дид.