Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ҷасадҳои ду марзбони дигари зоҳиран кушташударо дар назди як посгоҳи марзии миёни ин кишвар ва Чин пайдо кардаанд, ки дар коми оташ сӯхтааст. Дар маҷмӯъ то кунун аҷсоди 15 марзбон ва як ҷангалбони қазоқро дар ин маҳал пайдо кардаанд. Мақомоти расмии Қазоқистон то кунун дар бораи ҷузъиёти ин ҳодисаи рӯзи чаҳоршанбе ва сабабҳои марги марзбонон чизе нагуфтаанд. Аммо ба гуфтаи онҳо аз марзбони 15-ум, ки бояд дар ин маҳал мебуд, ҳанӯз нишонае пайдо накардаанд. Мақомоти Қазоқистон ҳар тобистон ба хотири ҷилавгирӣ аз ҷамъоварии ғайриқонунии рустаниҳо аз тарафи шаҳрвандони Чин дар марзаш посгоҳҳои саёри сарҳадӣ мегузорад.