Доварону нозирони бозиҳои даври нӯҳуми Лигаи олӣ

Федератсияи футболи Тоҷикистон доварону нозирони бозиҳои даври нӯҳуми мусобиқаи қаҳрамонии Лигаи олии кишварро тасдиқ кард.
Бозиҳои даври 9-ум
2-юми июн, шанбе. Оғози бозӣ – соати 17.30


«ГВАРДИЯ» (Душанбе) - «ҲОСИЛОТ» (Фархор). Варзишгоҳи КМВА (ССКА)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон. Сардовар Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа). Ёваронаш: Насрулло Кабиров, Ҳасан Каримов (ҳарду – Норак). Довари эҳтиётӣ: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе). Нозири бозӣ: Мирзо Мамадҷонов (Душанбе).

3-юми июн, якшанбе. Оғози бозиҳо – соати 17.30

«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - «ИСТАРАВШАН» (Истаравшан). Варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода. Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе). Ёваронаш: Алишер Қараев (Шаҳринав), Мустафо Исломов (Восеъ). Довари эҳтиётӣ: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе). Нозири бозӣ: Раҳимҷон Шарифов (Душанбе).

«ХУҶАНД» (Хуҷанд) - «ЗАРАФШОН» (Панҷакент). Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд. Сардовар: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд). Ёваронаш: Каюмарс Сулаймонов (Душанбе), Носирҷон Мансуров (Бобоҷон Ғафуров). Довари эҳтиётӣ: Мурод Қурбонов (Хуҷанд).

Се бозии даври 9-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ аз 2-юм ва 3-юми июн ба мӯҳлати дертар гузаронида шудааст.

Дар ин бора ба “Озодӣ” Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, хабар дод. Ӯ афзуд, “бозиҳои даври 9-уми мусобиқаи Лигаи олии Тоҷикистон миёни дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа - «Истиқлол»-и Душанбе, «Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров - “Энергетик”-и Душанбе ва ССКА “Помир”-и Душанбе - “Хайр”-и Ваҳдат мавқуф гузошта шуданд. Ин тасмим бинобар иштироки футболбозони ҷавони ин дастаҳо дар ҷамъомади таълимиву тамринии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22) дар ҷаласаи бюрои кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон гирифта шуд. Бар асоси муқаррароти ФФТ дар мавриди се ва аз он бештар ба ҳайатҳои мунтахаби кишвар даъват шудани футболбозон бозиҳои дастаҳо ба мӯҳлати дертар гузаронида мешавад. Дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонон, аз ҷумла, 7 бозигар аз “Вахш”, 6 нафар аз ССКА “Помир”, 5 нафар аз “Истиқлол”, сенафарӣ аз “Парвоз” ва “Энергетик” даъват шудаанд. Ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти раҳбарии Камол Алиспоҳич, мутахассиси босниягӣ, ки рӯзи 29-уми май дар шаҳри Душанбе, дар варзишгоҳи КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон шурӯъ шуд, то рӯзи 5-уми июн идома хоҳад кард. Футболбозони ҷавони тоҷик ба мусобиқаи қаҳрамонии Осиё омодагӣ мебинанд.”