Ш.Ҳаким: "Чун рақобат нест, дар Маскав ҳимоя кардам"

Шокирҷони Ҳаким

Шокирҷони Ҳаким, муовини раҳбари Ҳизби Умумимиллии Сотсиал-Демократи Тоҷикистон, дар шаҳри Маскав рисолаи докторӣ дар улуми ҳуқуқро ҳимоя кард.
"Конститутсионализм дар Тоҷикистон: Заминаҳои фарҳангиву таърихӣ, вижагиҳои ташаккул ва таҳаввул" мавзӯи рисолаи доктории Шокирҷони Ҳаким аст, ки зери мушовири илмии профессор, доктори улуми ҳуқуқшиносии Русия, Геннадий Моронсев, мавриди ҳимоя қарор гирифт.

Ҷаноби Ҳаким рисолаи номзади илми ҳуқуқро дар мавзӯи "Ташаккули Қонуни Асосӣ ҳамчун падидаи ҳуқуқиву сиёсӣ дар Тоҷикистон" дар соли 2003-юм дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ҳимоя карда буд.

Он гуна, ки Шокирҷони Ҳаким дар сӯҳбати телефонӣ аз шаҳри Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, "албатта, баҳсҳои зиёде сурат гирфт ва аз 18 нафар аъзои ҳайати Шӯрои ҳимояи рисолаи доктории Донишгоҳи Дӯстии халқҳои Русия ва академияи умумирусиягии савдои берунӣ 17 нафар ба ҷонибдории ҳимояи рисолаи докторӣ овоз доданд. Шӯрои диссертасионӣ низ тасмим гирифт, ки ба ман унвони доктори улуми ҳуқуқ дода шавад."

Ин ҳам дар ҳолест, ки ӯ муддати се соли ахир ба таҳқиқи ин мавзӯъ машғул буд ва 1,5 соли охир дар шаҳри Маскав ба сар мебард. Вай мавзӯи рисолаи докториашро дар шароити феълӣ пураҳамият хонд ва гуфт, "шарти асосии бунёду рушди давлати демократӣ, ин на танҳо аз будани Қонуни Асосӣ, балки риоят ва иҷрои он низ вобастагии зиёд дорад."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шокирҷони Ҳаким дар Маскав доктори улуми ҳуқуқ шуд



Ба ин далел муовини раҳбари ҲУСДТ ҳадафи аслӣ аз таҳқиқу ҳимояи ин рисоларо "ба вуҷуд овардани афкори ҷамъиятӣ" хонд ва гуфт, "мақомоти зирабти Тоҷикистонро лозим аст, то ин масъала ба инобат гиранд."

Аммо Шокирҷони Ҳаким, сабаби ҳимоя кардани рисолаи доктории худ дар Маскавро ба озодтар будани муҳит ва фазои илмӣ ва дастрасӣ ба манобеъ дар Русия марбут донист ва таъкид кард, ки "чун рақобат дар миёни олимон ва пажӯҳишгоҳи илмӣ дар Тоҷикистон нест ва Шӯроҳои ҳимояи рисолаҳои докторӣ дар ин бахш вуҷуд надорад, маҷбур шудам, дар Маскав ҳимоя кунам."

Ин донишманди тоҷик тӯли даҳ соли ахир муовини раҳбари Ҳизби Умумимиллии Сотсиал-Демократи Тоҷикистон мебошад. Дар доираҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон аз шахсиятҳои шинохта аст ва дар расонаҳо низ бо сӯҳбату изҳори назарҳо ва матлабҳояш бештар пайдо мешавад.