Як ҳайати яҳудиён, ки дар даврони ҷанги дохилӣ кишварро тарк карда буданд, барои зиёрати Тоҷикистон омадаанд.
Ҳайати 23-нафарии яҳудиён, ки дар айёми даргириҳои дохилӣ кишварро тарк карда буданд, шоми дирӯз, 30-юми май, аз Исроилу Русия вориди Тоҷикистон шудаанд. Михаил Абдураҳмонов, хохоми ягона канисаи яҳудиён дар Душанбе, ин хабарро тасдиқ карда ва дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гурӯҳи яҳудиён бо даъвати яке аз дӯстон ва бо ҳадафи зиёрат аз Тоҷикистон, яъне зодгоҳашон, ба ин ҷо омадаанд.
Ба гуфтаи Абдураҳмонов, сафари ин гурӯҳ аз зиёрати оромгоҳи яҳудиён дар Душанбе шурӯъ шудааст. Ҳамчунин қарор аст, ба ифтихори меҳмонон як барномаи ҳунарӣ ташкил шавад. Шахсиятҳои маъруфе ба мисли Ало Алоев, Софа Бадалбоева (духтари ҳунарманди шинохта Барно Исҳоқова), Рафаэл Наматиев (писари Борис Наматиев) ва чанде дигар аз яҳудиён шомили ин ҳайат будаанд.
Гуфта мешавад, то оғози даргириҳои солҳои навадум дар Тоҷикистон ҳудуди 12 ҳазор пайрави яҳудия ба сар мебурдаанд, ки аксарияти онҳо дар даврони ҷанги дохилӣ аз кишвар берун рафта ва ҳоло дар Амрикову Исроил ва кишварҳои дигар умр ба сар мебаранд.
Ба қавли Ҷамъияти яҳудиёни Тоҷикистон, яҳудиёни Тоҷикистон бухориасл буданд ва пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ба Амрико ва Исроил ҳиҷрат карданд. Ҳоло дар Амрико ҷамъияти яҳудиёни Бухоро фаъол аст. Нахустин яҳудиҳои бухороӣ ҳанӯз дар авоили қарни бист ба Иёлоти Муттаҳида кӯч баста буданд, вале муҳоҷирати бузурги онҳо ба Амрико солҳои шастуму ҳафтодуми асри бист шурӯъ шуда буд.
Дар нимаи солҳои ҳаштодум бо бозшавии марзҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, мавҷи бузурги яҳудиёни бухороӣ вориди шарҳи Ню-Йорк гардид. Теъдоди умумии яҳудиёни бухороӣ, яъне яҳудиҳои тоҷикзабон дар ҷаҳон 300 ҳазор тахмин мешавад.