Бахтиёр Хушвахтов, ки рӯзи 30-юми май як корманди Маҷлиси намояндагонро пахш намуда, аз маҳалли ҳодиса фирор карда буд, боздошт шудааст.
Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 30-юми май бар асари як садамаи нақлиётӣ дар наздикии телевизиони "Сафина" Рафоатхон Чӯпонова -- мудири бахши молиявии Маҷлиси намояндагон ҳалок шудааст.
Нозирҷон Муродов, корманди дафтари матбуоти Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ронандаи автомашинаи BMW-X5 Бахтиёр Хушвахтови 28 сола, сокини Душанбе, ки корманди Маҷлиси намояндагонро пахш намуда аз маҳалли ҳодиса фирор карда буд, боздошт шудааст. Ӯ илова кард, ки мақомоти Бозрасиии давлатии автомобилӣ (БДА) таҳқиқи ин ҳодисаро идома медиҳанд.
Ба иттилои ин манбаъ, ҳамчунин рӯзи гузашта дар Тоҷикистон 7 садамаи нақлиётӣ ба вуқуъ пайваста, ки бар асари ин ҳаводис як нафар кушта ва 7 нафар ҷароҳатҳои мухталиф бардоштаанд.
Нозирҷон Муродов, корманди дафтари матбуоти раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ, ҳамчунин афзуд, барои пешгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ дар рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон (1-уми июн) як маъракаи ҳифзи кӯдакон дар роҳҳо баргузор мешавад.
Ба дунболи афзоиш ёфтани садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ дар телевизионҳои кишвар наворҳои махсусеро пахш карда, аз шаҳрвандон мехоҳанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо эҳтиёт бошанд. Дар яке аз ин наворҳо ҳатто таъкид шудааст, ки Шуморо дар хона интизоранд.