Ба навиштаи расонаҳои Русия, дар соли 2011 наздик ба 20 даргирии дастҷамъонаи муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар рӯх додааст.
Тибқи ахбори ин расонаҳо, аксари даргириҳо бо ҷароҳати сангин ва маъюбии шаҳрвандони Тоҷикистон анҷом ёфтаанд. Дар бархе аз матолиб ба бераҳмии хоси ширкаткунандагони чунин даргириҳо таъкид шудааст. Полиси Русия дар чунин ҳолатҳо ба қазия кам дахл мекунад ва инро кори дохилии муҳоҷирон мешуморад.
Ҷаҳонгир, муҳоҷири 26-солаи тоҷик, ки бар асари чандин зарби корд дар яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав дар дами марг қарор дошт, бо кӯмаки пизишкон ҳаёти дубора ёфта, тоза ба ҳуш омадааст. Аммо ҳанӯз мустақилона ҳаракат карда наметавонад. Ин ҷавони тоҷик, ки аз паси кирокашӣ рӯз мегузаронидааст, рӯзи 21 май аз сӯи гурӯҳе аз ҳамватанони худ, ки сокинони ноҳияи дигар будаанд, мавриди латту кӯби шадид қарор гирифт.
Ҳабибулло-амаки Ҷаҳонгир, ки ҳоло парастории ӯро дар ин бемористон бар дӯш дорад, дар як сӯҳбати телефонӣ бо «Озодӣ» гуфт, ки ҷангу низоъи тоҷикони муҳоҷир дар заминаи маҳаллу ноҳия дар шаҳрҳои Русия дар ин авохир бештар рух медиҳад. Вай меафзояд, ки сабаби бурузи ин низоъҳо, ки гоҳо боиси куштор низ шудааст, асосан хислати моливу пулӣ дорад. Барои мисол баҳсу даъво бар сари нуқтаи савдо, таҳти назорат гирифтани маҳалли таҷаммӯи мизоҷҳо барои кирокашҳо ва ё сарпечӣ аз додани «ҳақ» ё «доля» барои онҳое, ки худро «криша» меҳисобанд ва монанди инҳо.
Вай мегӯяд, мутаассифона дар чунин «разборка»-ҳо тоҷикҳо асосан байни ҳам ба ҳам мезананд ва барои онки ба мақсади худ бирасанд, ҳамшаҳриву ҳаммаҳалҳои худро низ ба ин баҳсу даъво ҷалб мекунанд: «Тоҷик фақат дар болои сари тоҷик зӯрӣ мекунад. Вай мегӯяд, ки ман аз Ванҷ ман зӯр ҳастам, орҷоникидзеободӣ мегӯяд ман зӯр ҳастам, Файзобод мегӯяд, ки ман Душанбе ҳам ман мегӯяд ва ҳамин маҳалчигии мо то ба ҳаминҷоҳо ҳам омада расид. Помириҳо мегӯянд, ки мо зӯрем. Як тоҷике нест, ки ин ҳамаро сарҷамъ намояд.»
Ба ақидаи Ҳабибулло, ки мегӯяд, солиёни зиёдест дар Русия кор мекунад, муноқиша миёни муҳоҷирони тоҷик дар солҳои пешин низ ҷо доштааст. Аммо ҳоло чунин занозаниҳо зиёд шуда, ҳолате пеш омадааст, ки дахолати мақомоти кишварро тақозо мекунад.
Каромат Шарифов, раиси яке аз созмонҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия, мегӯяд, афроде, ки ин низоъҳои маҳалгароёнаро ангезиш медиҳанд, умдатан собиқаи ҷиноӣ доранд. Аз нигоҳи ӯ, чунин афрод баъди аз зиндонҳо раҳо шудан дар ватан майдони амалро танг диданд ва ба Русия омаданд, то аз ҳисоби муҳоҷирони бепуштибон зиндагӣ кунанд. Ба ақидаи Шарифов, ин афрод барои пинҳон доштани симо ва ҷавобгарии хеш, худро аз як маҳалли муайян эълон мекунанд ва дар паси маҳал пинҳон мешаванд.
Ҷаноби Шарифов бар ин аст, ки бархе аз масъулони давлати Тоҷикистон дар Русия аз ин ҳаводис огоҳанд, вале мудохила намекунанд: «Онҳо музд мегиранд. Бо ҳамин шахсоне, ки ба дуздиву ғорат машғуланд бегоҳиҳо намояндагони баъзе аз мақомоти Тоҷикистон вомехӯранд ва ин нафарон аз ғорати шаҳрвандони кишвари худ ба онҳо музд медиҳанд.»
Бахтиёр Сатторов, як масъули намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия сар задани ҳодисаи низоъу ҷангҷол дар заминаи маҳал дар Русия миёни муҳоҷирони тоҷикро рад накард. Вале гуфт, ки чунин мавридҳо ангуштшуморанд. Ҷаноби Сатторов гуфт, ки кормандони намояндагии Хадамот дар Русия, ки дар гузашта дар мақомоти амниятиву интизомии кишвар фаъолият мекарданд, ҳамеша омодаанд, ки дар чунин ҳолатҳо ба муҳоҷирон ёрӣ расонанд
«Албатта ҳами хел корҳо мешавад, аммо дар масъалаи ариза навишта муроҷиат кардан бачаҳо тайёр не. Кормандони мо бо бачаҳо сӯҳбат мекунанд. Вале ин ҳолатҳо аҳёнан рӯй медиҳанд. Ду кас баромад ҷойи корро тақсим карда наметавонанд ва дар натиҷа чунин ҳодисаҳо сар мезанад»
Бо ин ҳол Ҳабибулло-амаки Ҷаҳонгир гуфт, ки ин табобат ба ӯ ва пайвандонаш то ҳамин ҳоло бештар аз чаҳор ҳазор доллар харҷ доштааст. Вай афзуд, ки ин маблағро низ дӯстон ва ҳамшаҳрияҳояш ҷамъ оварданд. Маблағеро, ки мебоист ба ватан ба волидайни интизораш мефиристод, то барои пешбурди рӯзгор истифода кунанд.