Ҳокими Тошканд тасмим гирифт, ки бо пайравӣ ба ҳукумати Тоҷикистон аз баргузории тӯю маъракаҳои пурдабдабаву серхарҷ ҷилавгирӣ кунад.
“Қонуни танзим”, ки шаҳрдор Раҳмонбек Усмонов ахиран имзо кард, аз қонуни танзими маъракаву ҷашну маросимҳои Тоҷикистон каме тафовут дорад аммо ҳадафаш ҳамон аст, яъне “исроф ҳаром аст” ва “мардуми фақир ба сарватмандон пайравӣ карда, барои барпо кардани тӯйю маъракаҳои пурдабдаба ба ботлоқи қарз меғутанд”.
Иҷрои қарори мири Тошкандро шӯроҳои ҷамоатӣ назорат хоҳанд кард, ки дар ҳар маҳалла ташкил мешаванд.
Баргузории тӯю сӯр, ҷашнҳои хонаводагӣ ва зодрӯзҳо дар манзилу тарабхонаҳо аз соати 7 то 9 субҳ ва аз соати 12 то 14-и баъд аз зӯҳр иҷоза дода шудааст. Маҳфилу тӯйҳои шомгоҳӣ бояд соати 23-и шаб хатм шаванд.
Шаҳрдор ба соҳибони тарабхонаҳо амр кардааст, ки ин қарорро бечуну чаро иҷро кунанд, оромии мардумро халалдор насозанд ва аз истифодаи оташбозиҳо парҳез намоянд.
Раҳмонбек Усмонов ҳамчунин ба кумитаи занон дастур додааст, ки ҳамроҳ бо тарроҳони маҳаллӣ тарҳи пироҳани арӯсии мутобиқ ба анъанаҳои миллиро таҳия кунад.
Афроде, ки берун аз ин қарори шаҳрдорӣ пой мегузоранд, дар шӯрои маҳаллӣ муҳокима мешаванд. Дар бораи он ки “муҷримон” ҷарима пардохт хоҳанд кард ё, чизе гуфта нашудааст.
Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ки мақомоти Ӯзбакистон аз ин пеш ҳам талоши ҷилавгирӣ аз баргузории тӯю маъракаҳои пурдабдабаро доштанд ва аммо мансабдорони ҳукуматӣ чунон вонамуд мекарданд, ки “танзим” ба онҳо дахл надорад. Ва аз ин рӯ, бо боварӣ мегӯянд онҳо, аз ин баъд ҳам тӯйдорҳову соҳибҷашнҳо хоксортар нахоҳанд шуд ва садои сурнаю карнаю рубобу даф дар тарабхонаҳо баъд аз як поси шаб ҳам гӯши сокинони атрофро “навозиш” хоҳад кард.