"Диёр" тоҷикони гумшуда дар Русияро меҷӯяд

Баҳрӣ Абдураҳмонова, раҳбари созмони иҷтимоии "Диёр" дар вилояти Суғд.

Ҳамасола даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия "гум" мешаванд.
Созмони "Диёр" дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо барномаи телевизионии "Жди меня"-и Русия барои ҷустуҷӯ ва бозгардондани муҳоҷирони гумгаштаи тоҷик ба ватан талош мекунад. Абдуворис Орифов, сокини ноҳияи Ғончӣ аз ҷумлаи онҳоест, ки писари бедаракшудаи худро бо кумаки ин созмони иҷтимоӣ дар шимоли кишвар пайдо намудааст.

Баҳрӣ Абдураҳмонова, раҳбари созмони "Диёр" мегӯяд, Шерзод Орифов, сокини 45-солаи ноҳияи Ғончиро замони бозгашт аз Русия дар марзи Узбакистон боздошт карда ва ду моҳ дар маҳбас нигаҳ медоранд. Созмони "Диёр" аз тамоси телефонии шахсе аз ҳоли ӯ дарак ёфта, хонаводаашро огоҳ мекунад ва сипас падараш бо пардохти ҷарима ба мақомоти вилояти Тошканд Шерзодро ба Тоҷикистон меорад.

Хонум Абдураҳмонова афзуд, бахти Шерзод ба қавле хандида аз ӯ зуд дарак ёфтанд ва ба Тоҷикистон оварданд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, даҳҳо муҳоҷири кории тоҷик солҳои тӯлонист, ки ба хонаводаҳояшон аз худ ҳеч паёме намедиҳанд: "Инҳо муҳоҷироне ҳастанд, ки ба Русия сафар карда муддатҳои тӯлонӣ аз ҳоли худ дараке надодаанд. Онҳо бо аҳли хонаводаашон тамос нагирифтаанд. Дар ватан модару ҳамсар ва фарзандонашон чашм ба роҳи онҳоянд."

Раҳбари созмони "Диёр" мегӯяд, дар тӯли беш аз 5 соли охир ҳудуди 650 хонавода ҷиҳати пайдо кардани пайвандони муҳоҷирашон дар Русияву Қазоқистон ба онҳо муроҷиат кардаанд. Ин созмон бо кумаки барномаи телевизионии "Жди меня"-и Русия ва мақомоти масъули Тоҷикистон бештар аз 200 чунин муҳоҷирони ғайбзадаи тоҷикро ёфта, дар бораи онҳо ба хонадонашон хабар додааст. Саҳифаи интернетии созмони "Диёр" барои кофтукоби муҳоҷирони гумгашта бо саъйи фарзанди Баҳрӣ Абдураҳмонова ҳанӯз соли гузашта таҳия, вале ҳанӯз фаъол нашудааст. Чунки фаъолияти созмони "Диёр" ба як кори хайрхоҳонаи хонум Абдураҳмонова табдил шуда, касе ба вай дасти ёрӣ ҳам дароз намекунад.

Зайнура Шарифова, раҳбари раёсати Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Суғд гуфт, ҳарчанд ниҳоди мазкур дар ҷустуҷӯи муҳоҷирони гумгашта дасти кӯтаҳ дорад, вале тавассути намояндагиҳои худ дар Русия дар ин кори хайр саҳм мегирад. Вай афзуд, соли ҷорӣ бо дархости Муқаддас Маҳмудова, сокини ноҳияи Конибодом, онҳо аз шавҳари дар Русия гумгаштааш - Руслан Неъматов паёми умедворкунандае ёфтаанд, ки вай зиндаву саломат буда, муддате дар шаҳри Урейски вилояти Маскав зиндагӣ кардаву расман сабти ном шудааст. Аммо боз ҳам аз тақдири минбаъдаи ин муҳоҷири кории тоҷик дар Русия дигар хабаре дастрас нест.

Хонум Шарифова афзуд, "бисёр оилаҳои тоҷик, ки падар ё дигар узви хонаводаашон дар муҳоҷирати корӣ бедарак шудаанд, ба Худо таваккал карда ва умед доранд, ки рӯзе гумшудаашон ба пойи худ даромада меояд. Агар муроҷиат кунанд, аз мақомоти милиса ёрӣ мепурсанд. Баъд аз он ки хадамоти мо ба воситаи телевизион эълон дод, гоҳе ба мо ҳам муроҷиат мекунанд."

Дар ҳоле ки коршиносон теъдоди муҳоҷирони кории тоҷики гумшуда дар хориҷ аз Тоҷикистонро садҳо нафар медонанд, хадамоти муҳоҷират дар ин бора маълумоте дар даст надорад. Хонаводаҳои муҳоҷиргумкарда низ аз набуди як ниҳоди махсуси ҷустуҷӯи муҳоҷирони гумшуда намедонанд ба куҷову кӣ муроҷиат кунанд.