Гапи “рост”-и дурӯғгӯ

“-Бачаҷон, фаромӯш накун, то вақте ки Файзалӣ Ҳасан зиндаай, ту фақат шакалот мехурӣ!”

“Қаҳрамон”

-Як-ду моҳи оянда аз саҳар то бегаҳ маро дар ҳама телевизионҳои Тоҷикистон нишон медиҳанд, -худситоӣ кард як мансабдор.
-Чӣ, ягон қаҳрамонӣ кардед, дадаш?-пурсид хонумаш
-Не, имрӯз Ҷаноби олӣ ба идораи мо омада буд....

“ Шоколад”

Овозхони шинохта Файзалӣ Ҳасан ба писараш, ки баҳои аъло гирифта буд, ваъда дод, ки барояш шоколад мехарад. Шом писараш ӯро дар долон пешвоз гирифт:
-Ата, шакалот овардӣ?
-Не, бачаҷон, магазин даромадам, ба ёд расидам, ки пулҳомо дар ҷойи кор фаромӯш кардаам. Пагоҳ, албатта, мехарам
Шоми дигар ӯ боз писарашро дар долон интизор дид:
-Ата, имрӯз шакалот овардӣ...
-Не, имрӯз ба идора аз марказ меҳмон омада буд, ай серкорира қариб, ки сарам бикафа. Ҳама чизи дунёро фаромӯш кардам. Парво накун, пагаҳ якто не, дуто шаколат мехарам!
Шоми сеюм ҳам Файзалиро писараш дар долон истиқбол кард:
-Ата, дуто шакалот овардӣ?
-Магазин даромадам, лекин шакалот набуд... Фақат печении хитоӣ буду халос...
-Хайр, печенӣ мехаридӣ...
-Бачаҷон, фаромӯш накун, то вақте ки Файзалӣ Ҳасан зиндаай, ту фақат шакалот мехурӣ!

Гапи “рост”-и дурӯғгӯ

Чанд нафари дар дурӯғгӯӣ маъруф сабқат карданд, ки дар воҳимаву дурӯғ кадомашон беҳамтоянд. Ҳама лофҳои осмонӣ мезаданд ва фақат ду нафар дар кунҷе хомӯш нишаста буданд.
-Шумо чаро чизе намегӯед?-пурсиданд аз онҳо
-Ман дар умрам ягон бор дурӯғ нагуфтаам, - ҷиддӣ ҷавоб дод аввалӣ.
Ҳама қарсак заданд, ки офарин, ту бурдӣ...
Дар ҳамин ҳол дуввумӣ ба ҳамроҳаш ишора карда лаб ба сухан боз кард:
-Ин кас рост мегӯяд!
...Ва лақаби “дурӯғгӯи беҳамто”-ро соҳиб шуд.