Ширкати «Ренессанс-Капитал» аз як хабарнигор ва ҳуқуқшинос бо иттиҳоми «тавтиаи қаблан тарҳрезишуда» ба додгоҳ шикоят бурдааст.
Исмоил Раҷабов, сарвари «Ренессанс-Капитал» хабарнигори «Азия плюс» Хайрулло Мирсаидов ва ҳуқуқшиноси ширкати эронии «Витана» Хайрулло Ҳусайновро ба тавтиаи аз қабл тарҳрезишуда алайҳи ширкаташ муттаҳам мекунад.
Ба таъйиди Хайрулло Мирсаидов, хабарнигори «Азия плюс», Исмоил Раҷабов аз додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт хостааст, ки онҳоро аз рӯи моддаи 135, қисми 3 – тӯҳмати кас дар ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин гунаҳкор донад. Ин модда аз 3 то 5 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.
Ба таъйиди Мирсаидов, Исмоил Раҷабов аз мақолаи «Хешовандони афроди мӯътабар (Родственники уважаемых людей)», ки ширкати ӯ дар ғасби рейдерии моликияти ширкати эронии «Витана» муттаҳам мешавад, шикоят бурдааст.
Ин мавриди чоруми ба додгоҳ кашида шудани хабарнигори «Азия плюс» тайи ду соли ахир аст. Дар гузашта Анвар Тағоймуродов, собиқ муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз нашрия ва хабарнигораш Рамзия Мирзобекова барои матлаби «Тафтишот, ё инквизитсия» ба додгоҳ шикоят бурда буд, аммо дар пайи як тавофуқи пинҳонӣ миёни ҷонибҳо, мурофиаи додгоҳӣ қатъ шуд.
Дар мақолаи «Хешовандони афроди мӯътабар» омадааст, ки ширкати «Ренессанс-Капитал» бо ғасби рейдерии моликият машғул аст, аммо мақомоти зидахл, аз ҷумла Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба далели ба «хешовандони афроди мӯътабар» рабт доштани ин ширкат, аз фаъолиятҳои ғайриқонунии он чашм мепӯшанд.
Дар ду-се соли охир нашрияҳояи мустақили Тоҷикистон “Фараж”, “Миллат”, “Озодагон” ва “Пайкон” дар заминаи мақолаҳои интиқодии худ мавриди баҳсҳои додгоҳӣ қарор доштанд. Дар аскари ҳолатҳо даъвогарон идораҳои давлатӣ буданд.