Ифтитоҳи нақби “Шаҳристон” боз ба таъхир афтодааст

Қарор аст, ифтитоҳи нақби "Шаҳристон" дар моҳи сентябри соли ҷорӣ ва дар рӯзи ҷашни истиқлолият сурат бигирад.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, нақби “Шаҳристон”, ки шимоли Тоҷикистонро бо пойтахт мепайвандад, моҳи сентябри соли ҷорӣ ва дар рӯзи таҷлил аз истиқлолият мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд дар ин бора бо расонаҳо сӯҳбат карда ва афзудааст, ба иллати пеш омадани мушкил дар кори нақбканон, санаи ифтитоҳи "Шаҳристон" ба вақти дигар гузошта шудааст. Вагарна ба гуфтаи ӯ, расми ифтитоҳи ин нақб дар рӯзи ваҳдати миллӣ, ки имсол 15-солагии он таҷлил хоҳад шуд, бояд сурат мегирифт.

Ин барои аввалин бор нест, ки мавриди истифода қарор гирифтани нақб ё туннели "Шаҳристон" ба таъхир меафтад. Дар оғоз мавриди истифода қарор гирифтани нақби “Шаҳристон” охири соли 2010 муқаррар шуда буд.

Нақби “Шаҳристон” дар километри 180-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, миёни ноҳияҳои Айниву Шаҳристон воқеъ буда, дарозии он 5 ҳазору 253 метрро ташкил медиҳад. Сохтмони ин нақб расман дар санаи 2-юми августи соли 2006 оғоз гардид. Мақомот мегӯянд, арзиши умумии тарҳи сохтмони нақби “Шаҳристон”, ки ширкатҳои чинӣ машғули сохтмони онанд, каме бештар аз 51 миллион долларро ташкил медиҳад.

Пас аз сохтмони нақби “Истиқлол” дар гарданаи Анзоб рафтуомад дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд то ҳадде осон шудааст ва анҷоми сохтмони нақби “Шаҳристон” ин роҳро боз ҳам наздиктару бехавф хоҳад кард. Вале ширкати эронии "Собир" агарчӣ тавонистааст убуру мурурро аз тариқи туннели "Истиқлол" имконпазир кунад, вале тамоми мушкилоти мавҷудро натавонистааст бартараф созад. Ҳоло бо маблағи 6 миллион доллар ширкати "Собир-ҷадид" барои тармими ин нақб дасту остин бар задааст.