Mail.ru ба зудӣ ба тоҷикӣ баргардон хоҳад шуд

Mail.ru – бузургтарин хадамаи почтаи интернетӣ дар паҳнои шӯравии собиқ мехоҳад интерфейсашро ба забонҳои кишварҳои муштаракулманофеъ баргардон кунад. Ин нақша алакай барои корбарон аз Украинаву Узбакистон озмоиш мешавад. Анна Артамонова, ноиби президенти Mail.ru дар умури тарҳҳои стротегӣ гуфтааст, онҳо барномаҳои вижае доранд, ки тарҷумаи интерфейси хадама ба тамоми забонҳоро мумкин мегардонад. Шумори корбарони Mail.ru дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди 100 миллион нафар рақам зада мешавад.