Идомаи рақобати пешсафони интихоботи Миср

Пешсафҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Миср, саъй доранд, дар даври дуввуми интихобот дар моҳи июн дили раъйдиҳандагони бештарро ба даст биёранд. Бино ба оморҳои ғайрирасмӣ дар даври аввал дар рӯзҳои 23 ва 24 май, Муҳаммад Мурсӣ, номзади ҳизби исломгарои Ихвонулмуслимин ва Аҳмад Шафиқ, фармондеҳи собиқи нерӯҳои ҳавоии Миср, ки дар рӯзҳои охири аҳди Ҳуснӣ Муборак нахуствазир буд, дар интихобот пешсафанд. Муҳаммад Мурсӣ, дар даври аввал 25,3 дар сад ва Аҳмад Шафиқ тақрибан 25 дар сади раъйҳоро соҳиб шудаанд. Ҳамдин Саббоҳӣ, раиси ҳизби чапгарои Ал-Карома, ки дар мақоми саввум аст, мегӯяд, интихобот бо қонуншиканӣ сурат гирифтааст ва аз ҷумла сарбозони кишвар ғайриқонунӣ раъй додаанд. Натиҷаҳои расмии интихоботи Мирс рӯзи сешанбе 29 май эълом хоҳад шуд.