Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи шанбе дар мулоқот бо ҳайати эҷодии маҷаллаи The European Times дар бораи имкониятҳои иқтисодиву сармоягузории кишвараш сӯҳбат карда, гуфтааст, давлати ӯ дар роҳи ҳамкорӣ бо ҷаҳони беруна сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтааст. Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, ҳайати The European Times барои таҳияи матлабаш дар бораи Тоҷикистон 3 моҳ боз дар ин кишвар машғули таҳқиқ аст.