Сенаторҳои Амрико кӯмак ба Покистонро боздоштанд

Сенаторҳои амрикоӣ рӯзи панҷшанбе ба боздошти Шакил Афридӣ-пизишки покистонӣ, ки барои пайдо кардани маҳали иқомати Усома Бен Лоден кӯмак карда буд, вокуниш нишон доданд. Онҳо 33 миллион доллар кӯмак ба Покистонро ба тасвиб нарасонданд.

Шакил Афридӣ дар Аббутобод маъракаи ваксинатсияи дуруғинро пеш мебурд, то маҳали иқомати Бен Лоденро пайдо кунад. Вай бо ин кораш ба ЦРУ, яъне ниҳоди кашфи Амрико кӯмак кард. 2 маи соли 2011 дар ҷараёни як амалиёти вижаи нируҳои дарёии Амрико Усома Бен Лоден кушта шуд.

Баъд аз тасмими сенаторон дар бораи боздоштани 33 миллион кӯмак Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико низ гуфт, ки барои боздошти пизишк Афридӣ ҳеҷ делел вуҷуд надорад.