Музокироти Эрону "шашгона" дар Маскав идома меёбад

Музокирот миёни Эрон ва панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ - Бритониё, Чин, Фаронса, Русия ва ИМА ба изофаи Олмон оид ба барномаи ҳастаии Теҳрон рӯзҳои 18 ва 19 июн дар Маскав идома меёбад. Дар ин бора дар поёни даври навбатии гуфтушнид дар Бағдод хабар дода шуд.

Гуфта мешавад, ки дар нишасти Бағдод ҷонибҳо талоши худ барои дастёбӣ ба созишро намоиш доданд ва аммо миёни онҳо ихтилофи назарҳо боқӣ монданд. Майкл Манн, сухангӯи раҳбари бахши сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон, гуфт, ки "мо ниҳоят, бори аввал дар ин муддат, тавонистем, ки бо ҷониби Эрон масъалаҳои воқеӣ, мушаххас ва муҳими барномаи ҳастаии Эрон, аз ҷумла, мавзӯъи ғанисозии ураинум то 20 дар садро, ки боиси нигаронии зиёди ҷомеъаи байнулмилалӣ шудааст, баррасӣ кунем".

Саийд Ҷалилӣ, раҳбари ҳайати Эрон дар музокироти ҳастаӣ, изҳор намуд, ки кишвараш аз чаҳорчӯби ӯҳдадориҳои худ дар созиши паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ берун нарафтааст.