Чиниҳо "бозор"-и табибони тоҷикро аз худ мекунанд

Акнун табибони чинӣ тасхири бозори соҳаи беҳдошти Тоҷикистонро ҳам ҳадафи худ қарор додаанд.
Эълони муолиҷаи беморон бо усулҳои чинӣ дар ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон мушоҳида ва корафтодаҳоро ба истифода аз ин табобати ғайрисуннатӣ ташвиқ мешаванд. Вақте дорувории сохти кишвари Чин дорухонаву мағозаҳои косметикии Тоҷикистонро пур карданд, тахмин задан душвор набуд, ки ба дунболи ин худи табибон низ ба бозор ворид мешаванд.

Аммо бо вуҷуди таблиғоти хаттиву шифоҳӣ, табибони чинӣ ҳоло дар марҳилаи муаррифии худ ба ҷомеа қарор доранд ва наметавонанд ҷойи табибони тоҷик ва тибби расмиро танг кунанд.

Бону Фозилбекова, сокини шаҳри Душанбе, тайи чанд сол аст, ки аз бемории қалб ва варами ҷигар ранҷ мекашад. Табобат дар дармонгоҳҳои расмӣ ба ӯ кӯмак накарданд ва ӯ бо тавсияи наздикон барои муолиҷа ба яке аз марказҳои табобатии чинӣ, воқеъ дар пойтахт, муроҷиат кард: "Ман ба онҷо рафтам, фишори хунамро санҷиданд, баъд нигоҳ карда гуфтанд, ки дасту поям варам кардааст. Ба ман бар ивази 800 сомонӣ якчанд намуди гиёҳу донагӣ доданд, ба мисли донаи офтобпараст, ҳазориспанд ва мисли инҳо. Оварда даҳ рӯз дар хона ҷӯшонида хӯрдам, бефоида. Боз рафтам ва ин дафъа 350 сомонӣ гирифтанд ва боз якчанд гиёҳ доданд, онро ҳам хӯрдам фоидае надидам."

Дар панҷ соли ахир ҳузури шаҳрвандони кишвари Чин дар бозори иқтисодии Тоҷикистон, назири сохтмон, тиҷорати хурду миёна ва ҳатто кишоварзӣ ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфт ва ин боиси нигарониву ранҷиши шаҳрвандони бекори Тоҷикистон шуд, ки чаро ҳукумат дар татбиқи пружаҳои сохтмонӣ ба шаҳрвандони худ бартарӣ намедиҳад. Тоҷикистон беш аз 1 миллион муҳоҷири корӣ дорад, ки бахши умдаи онҳо рӯзгори худро аз ҳисоби кор дар Русия таъмин мекунанд. Ба назар мерасад, шаҳрвандони Чин бо истифода аз ин холигоҳ худро барои худ дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон ҷойи кор бунёд мекунанд.

Давлатмурод Олимов

Табибони чинӣ дар Тоҷикистон се маркази тиббӣ ифтитоҳ кардаанд. Бар пояи иҷозатномае, ки Вазорати беҳдошти кишвар ба онҳо додааст, ин марказҳо бояд ба табобати гиёҳдармонӣ, сӯзандармонӣ ва маҳси табобатӣ машғул бошанд. Аммо Давлатмурод Олимов, масъули Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ мегӯяд, дар баъзе ҳолатҳо табибони чинӣ ба хизматрасониҳое машғул мешаванд, ки ба он иҷозат надоранд: "Ба наздикӣ дар яке аз ин марказҳои табобати чинӣ мо муайян кардем, ки шаҳрванди Чин берун аз доираи иҷозатномаи худ ба беморон хизмат расонидааст. Нисбати вай ҷавобгарии маъмурӣ, яъне ҷарима амалӣ гардид. Ӯ ба табобати ултрасадоӣ машғул будааст."

Тибби мардумии Чин таърихи панҷ ҳазорсола дошта, табибонаш дар ҷаҳон шӯҳрат пайдо кардаанд. Аммо табибони тоҷик мегӯянд, гумон намеравад, донишмандони соҳаи тибби Чин Тоҷикистони бебизоатро, ки аксари аҳолиаш тавони пардохти табобатро надорад, макони пулкоркунӣ интихоб карда бошанд. Дар ҳоле ки табибони Тоҷикистон барои дарёфти маоши беҳтар ба Русияву кишварҳои арабӣ ва ҳатто Афғонистони бесубот сафар мекунанд.

Шӯҳрат Худойбердиев, раҳбари Маркази ҷумҳуриявии тибби мардумӣ мегӯяд, феълан дар Тоҷикистон 4 пизишк аз кишвари Чин расман сабти ном шудаанд ва ду нафари онҳо унвони профессорӣ доранд. Маркази "Табобати чинӣ" дар маҳаллаи 65-и Душанбе моҳи марти соли 2011 иҷозаи фаъолият дар Тоҷикистонро дарёфт кард, ки он то соли 2016 идома хоҳад дошт. Ин марказ чанд утоқи корӣ дорад ва табибон бо маризҳо умдатан бо кӯмаки тарҷумон сӯҳбат мекунанд. Табибон аз сӯҳбат бо хабарнигорон фирор мекунанд ва мекӯшанд, зиёд намоён набошанд.

Аммо корманди Маркази "Табобати чинӣ" Бахтиёр Нуров дар як сӯҳбати телефонӣ ба мо гуфт, ҳамарӯза аз 10 то 20 нафар бемор бо умеди шифо ёфтан дари марказашонро мекӯбанд: "Одатан бо бемориҳои сармохӯрдагӣ, буғумдард, пайвандард муроҷиат мекунанд. Бисёре аз шаҳрвандон, ки ба Русия мераванд,

Шӯҳрат Худойбердиев

аз он ҷо бо ин бемориҳо бармегарданд. Нархнома бо Вазорати тандурустӣ мувофиқа карда шудааст. Барои мисол, инҷо меоянд ва дар тӯли 3 ё 4 соат аз давраҳои табобатӣ мегузаранд ва аз 70 то 100 сомонӣ пардохт мекунанд."

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи пизишкони маҳаллӣ, як давраи табобат бо усули тоҷикӣ аз 50 то 100 сомониро ташкил медиҳад. Даврон Шоев, духтури шаҳраки табибони пойтахт мегӯяд, дар шароити феълӣ ниёз ба табибони мардумии Чин нест. Зеро пизишкҳои маҳаллӣ метавонанд айни чунин табобатро бо нархи арзонтар анҷом диҳанд. Ӯ мегӯяд, Тоҷикистон ба табибони сатҳи баланди кишвари Чин ниёз дорад, на гиёҳу маҳс: "Ҷарроҳони дилу гурдаро даъват кунанд, хубтар аст. Ба дигар табибон ман ҳоло заруратро намебинам."

Саломат, сокини пойтахт, ки бо аз муштариёни маркази табобати чинӣ будааст, мегӯяд, бозорҳои Тоҷикистон пур аз гулу гиёҳанд, ки чандин бемориро шифо мебахшанд, аммо азбаски шакли онҳо бозоргир нест, мардум онҳоро харидорӣ намекунад: "Дар маркази табобати чинӣ табобат шудам. Барои бемориҳои занона ҳам дору гирифтам. Чанд маротиба истифода бурдам, бефоида."

Шаҳрвандони Тоҷикистон ба сурати умум меҳмондӯст ҳастанд, аммо бо дидани чиниҳо пешона чин мекунанд. Баъзеҳо бо ишора ба сиёсати давлати бузурги Чин, ки шаҳрвандонаш бесару садо дар кишварҳои дунё паҳн шудаанд, мегӯянд, эҳтимол хиёбонҳои Душанбе ба Чайнатаун (ChinaTown)-и Ню-Йорк монанд шавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аз кори табибон розиед?